Шоира, муҳоҷири тоҷик, панҷ сол аст, ки ҳамроҳи шавҳараш дар шаҳри Твери Русия кор мекунад. Онҳо дар пайи ҷамъоварии маблағанд, то дар Тоҷикистон барои худ хонае бино кунанд. Вай аз президенти Русия Владимир Путин сипосгузорӣ мекунад, ки муҳлати танзими ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро то 10 сентябри соли 2025 дароз кард.
“Бисёр кори хуб шуд. Шавҳарам як соли охир натавонистааст санадҳои худро дуруст кунад. Муҳлате, ки буд, яъне то 30 апрел ҳам кифоят накард. Мо дар фикри он будем, ки Русияро тарк кунем, вале боз ҳам нопуррагии ҳуҷҷатҳо халал мерасонд. Ҳоло метавонем, дар ин муҳлати бемалол тамоми ҳуҷҷатҳоро дуруст ва истиқомати худро дар ин ҷо қонунӣ кунем. Фармони хубе баромад,” – гуфт Шоира дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 29 май.
Ҳамсуҳбати мо бар ин аст, ки сафи чунин муҳоҷирон дар Русия хеле бузург аст.
Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев, то моҳи марти соли 2025 ба феҳристи ашхоси зери назорати ин ниҳод номи 685 ҳазор хориҷие дохил карда шудаанд, ки аснодашон дорои мушкилот буда, онҳо ҳаққи қонунии будубош дар Русияро надоранд. Моҳи декабри соли 2024 охирин муҳлати ислоҳи вазъ барои муҳҷоирон 30 апрел муқаррар шуда буд. Ду рӯз пеш аз поёни он Путин фармони наверо имзо кард ва ин муҳлатро то 10 сентябр дароз намуд.
Бо вуҷуди вокуниши мусбати муҳоҷирон, коршиносон изҳор медоранд, ки бе тағйири куллии муносибати мақомоти Русия ба муҳоҷирати зодагони кишварҳои пасошӯравӣ мушкил баъд аз ин муҳлат низ боқӣ хоҳад монд.
Иқтисоддон ва коршиноси умури муҳоҷират Фарҳод Одинаев мегӯяд, худи истилоҳи “муҳоҷирони ғайриқонунӣ” дар Русия як мафҳуми сохта ва сунъӣ аст.
“Метавон гуфт, ки дар Русия қариб ки муҳоҷири ғайриқонунӣ нест. Чунин афродро аз марз ба Русия роҳ намедиҳанд. Муҳоҷирон аксаран қонунӣ вориди Русия мешаванд, аммо бо ҷурмҳои хурду реза ва гоҳе сохта ба одамони “ғайриқонунӣ” табдил дода мешаванд. Бино бар қонунҳои нави Русия чунин афрод билофосила аз ин кишвар депорт карда мешаванд. Барои мисол агар муҳоҷири корӣ ронанда аст ва ду бор қоидаи роҳро вайрон кунад, аллакай он тибқи меъёрҳои нав ӯро бояд ҷарима ва будубоши қонуниашро бекор кунанд,” – мегӯяд коршинос.
Фарҳод Одинаев мегӯяд, тағйироти зиёд ва пайдарпайи қонунҳои Русия низомеро ба миён овардааст, ки муҳоҷирон бо камтарин хато аз ҳаққи кор ё иқомат дар Русия маҳрум мешаванд ва акнун на додгоҳ, балки як корманди полис метавонад, онҳоро ғайриқонунӣ эълом дорад ва ихроҷ кунад.
“Барои мисол, шумо агар патент доред, пули патентро супоридаед, вале системаи бонкӣ ҳамон рӯз кор намекард ва шумо аз ин огоҳӣ надоштед ва шумо аз ҳамон рӯз дар Русия ғайриқонунӣ шудед ва он ҳам на бо айби шумо, балки бо айби системаи давлатӣ ё бонкӣ ё ягон системаи дигар. Шумо натавонистед будубошатонро қонунӣ кунед, шумо дар онҷо ғайриқонунӣ ҳисоб шудед ва инчунин мисолҳо хеле зиёданд пас аз сахттар кардани қонунгузорӣ”.
Муҳаммад, муҳоҷири тоҷик, ин гуфтаҳоро тасдиқ намуд ва афзуд, беҳтар буд, агар фармони Путин ҳамчунин масъалаи таъмини фазои беҳтар ва амнро барои иҷрои он дар назар мегирифт.
“Ман аз онҳое ҳастам, ки на ҳамаи ҳуҷҷатҳоям ҷобаҷо ҳастанд. Барои ҳамин аз кӯча баромадан ва ҳам рейду тафтишҳои пулис бисёр метарсам. Метарсам, ки дар роҳ ба идораи муҳоҷират мумкин аст, боздошт шавам. Хуб мешуд, агар ин фармон ҳамчунин пулисро водор мекард, ки тафтишҳои зиёд ва боздоштҳоро низ то моҳи сентябр бас кунад, то муҳоҷироне мисли ман тавонанд бе тарсу ҳарос ба идораҳои муҳоҷират раванд ва ҳуҷҷатҳои худро қонунӣ кунанд,” – мегӯяд Муҳаммад.
Дар бораи ангезаҳои фармони нави президенти Русия низ назарҳо яксон нестанд. Бархе аз расонаҳо онро ба ҳадафҳои ҳарбии Русия дар ҷанги Украина бастагӣ медиҳанд ва бархи дигар ба ниёзҳои иқтисоди Русия, на ба ғамхорӣ дар ҳаққи муҳоҷирон.
“Ман ба ин боварам, ки худи қувваи корие, ки дар Русия намерасад, ҳукумати Русия маҷбур шуд, то ин қарорро давом диҳад. Вале рафтори полису мақомоти Русияро вақте назар мекунед, фарқ мекунад, чун ҳамин боздоштҳои охир рейдҳои охир, ки дар чойхонаҳову дар ҷойҳои истироҳатӣ, ки полиси Русия мегузаронад, ҷавобгӯи он аст, ки сиёсати Русия нисбати муҳоҷирон дигар нашудааст ва муҳоҷирон яке аз осебпазиртарин қишри ҷомеаи Русия ба ҳисоб мераванд,” – изҳор дошт таҳлилгар Фарҳод Одинаев.
Фармони нав танҳо муҳлатро бештар кард, вале талаботи умумӣ боқӣ монд. Шаҳрвандони хориҷӣ ҳамоно бояд маълумоти биометрии худро пешниҳод кунанд, аз санҷиши тиббӣ гузаранд ва аз Вазорати корҳои дохилӣ иҷозат ва аз идораҳои муҳоҷират патент гиранд. Ҳамчунин барои дароз кардани муҳлати будубоши муваққатӣ ва шартномаи меҳнатӣ ба Вазорати корҳои дохилии Русия ариза диҳанд.
Гуфтугӯ