Мусобиқаи гуштигирӣ бахшида ба Ҷашни байнулмилалии Наврӯз, ки 27-уми апрел дар ноҳияи Ёвон барпо гардид, бо пирӯзии паҳлавонони тоҷик хотима ёфт.
Рақибони дастаи мунтахаби духтарони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд.
Паҳлавонони тоҷик иштироки худро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд бо касби 7 медал (2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба поён расонданд.
Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи сеюми мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе”, ки 26-уми апрел дар майдони тенниси назди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо пирӯзии паҳлавонони Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия хотима ёфт.
Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки дар шаҳри Бангкоки Тайланд ҷараён дорад, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки 25-уми апрел дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок – шуруъ шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Рӯзҳои 2-4-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025” (“Тоскулоҳи бузурги Душанбе-2025”) баргузор мегардад.
Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2025, чордаҳ дастаи лигаи якуми футболи кишвар ширкат меварзад.
Дар маҷмааи варзишии “Кохи Олимп”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Ғарбӣ миёни кӯдакону наврасон ҷараён дорад, ки то рӯзи 29-уми апрел идома хоҳад кард.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими миллии Камбоҷа бозии дӯстона баргузор мекунад.
Ёфтҳои бештар