Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё панҷум шуд


Абубакр Шеров, паҳлавони тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Абубакр Шеров, паҳлавони тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Паҳлавонони тоҷик иштироки худро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд бо касби 7 медал (2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба поён расонданд.

Рӯзи 28-уми апрел мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар мусобиқаи қаҳрамонии дастаҳои омехтаи Осиё иштирок намуда, барои ҷойи сеюм мубориза бурд, аммо аз медалҳои биринҷӣ бенасиб монд.

Дастаи Тоҷикистон дар даври аввал тими Туркманистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, ба чорякфинал баромад. Умедҷон Раҷабов (-90 кг) бар Мамедалӣ Очилдиев, Виктория Киселёва (+70 кг) бар Юлдуз Муродова, Темур Раҳимов (+90 кг) бар Боймурод Маҷанов ва Абубакр Шеров (-73 кг) бар Сардор Раҳимов пирӯз шуданд. Танҳо Александра Кан (-57 кг) қувваозмоиро ба Майса Пардаева бохт.

Аммо дастаи Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ аз тими Узбекистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Виктория Киселёва (+70 кг) аз Ирисхон Қурбонбоева, Темур Раҳимов (+90 кг) аз Музаффарбек Турабоев ва Александра Кан (-57 кг) аз Шукурҷон Аминова мағлуб гаштанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври тасаллобахш тими Чинро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Кароматулло Ҳакимов (+90 кг) бар Рулҳао Ли, Александра Кан (-57 кг) бар Юинг Тао, Абубакр Шеров (-73 кг) бар Ҳаянг Занг ва Умедҷон Раҷабов (-90 кг) бар Қи Ҳан дастболо шуданд.

Дастаи Тоҷикистон барои медали биринҷӣ аз тими Муғулистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Абубакр Шеров (-73 кг) бар Анхзая Лавҷаргал ва Сомон Маҳмадбеков (-90 кг) бар Эрхембаяр Баттогтох пирӯз шуданд. Аммо Александра Кан (-57 кг) аз Арунзая Тербиш, Виктория Киселёва (+70 кг) аз Адиясурен Амарсайхан ва Темур Раҳимов (+90 кг) аз Гончигсурен Батхуяг шикаст хӯрданд.

Ҳамин тариқ, дастаи Тоҷикистон бо ду пирӯзӣ бар тимҳои Туркманистону Чин ва ду бохт ба Узбекистону Муғулистон дар мусобиқаи қаҳрамонии дастаҳои омехтаи Осиё мақоми панҷумро касб намуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни дастаҳои омехта 11 тим иштирок дошт. Тими Ҷопон, ки дар даври ниҳоӣ Узбекистонро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард, бо медалҳои тилло мукофотонида шуд. Ба дастаи Узбекистон медалҳои нуқра тақдим гардид.

Инчунин барои медалҳои биринҷӣ дастаи Кореяи Ҷанубӣ бар тими Қазоқистон бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад. Дастаи Қазоқистон панҷум шуд.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 25-27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, ҳафт медал (ду нишони нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд.

Медалҳои нуқраро Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило гирифтанд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов (ҳарду дар вазни - 66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Инчунин Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кило байни мардон мақоми панҷум ва Виктория Киселёва дар вазни беш аз 78 кило миёни занон мақоми ҳафтумро касб намуданд.

Ҳамин тавр, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии Осиё дар Бангкок бо касби 7 медал (2 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи ҳафтум ҷойгир шуданд.

Мунтахаби Ҷопон бо касби 8 нишони тилло ва 3 биринҷӣ ҷойи аввалро азони худ кард. Мунтахаби Узбекистон бо касби 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ дуюм ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 2 нишони тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ сеюм шуданд.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии Осиё дар Бангкоки Тайланд 289 варзишгар аз 29 кишвари қора ширкат доштанд.

Варзишгарон барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 варзишгар (9 мард ва 2 зан) дохил буданд, ки 7 нафарашон медал гирифтанд.

Бар асоси натиҷаҳои қаҳрамонии Осиё ва мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam” ё “Тоскулоҳи бузурги Душанбе”, ки аз 2-юм то 4-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ доир мегардад, ҳайати асосии мунтахаби ҷудои кишвар барои иштирок дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон муайян карда мешавад. Мусобиқоти ҷаҳонӣ моҳи июн дар Будапешти Маҷористон доир мегардад.

Бояд гуфт, ки пас аз ду бор пирӯз шудани паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар қаҳрамонии ҷудои Осиё (солҳои 2016 ва 2017) дар Тошканд дар вазни то 90 кило дигар касе аз Тоҷикистон то ҳоло дар мусобиқоти қораӣ дар ин риштаи олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.

XS
SM
MD
LG