Як фармондеҳи украин, ки ҳамроҳ бо сарбозонаш беш аз як моҳ дар як бинои сарду вайрона ҳадафи ҳамлаи русҳо қарор дошт, мегӯяд, ғайриинтизор ӯ ва гурӯҳаш барои идомаи ҷанг нерӯе пайдо карданд, ки барояшон имкон дод, аз ин муҳосира зинда берун оянд.
Котиби давлатии Амрико мегӯяд, ин ҳафта барои музокироти сулҳ дар Украина хеле муҳим аст. Марко Рубио дар суҳбат бо телевизиони NBC гуфтааст, давоми ин ҳафта Иёлоти Муттаҳида бояд аниқ кунад, ки ба талошҳояш барои сулҳ дар Украина идома медиҳад ё ба мавзӯъҳои дигар тамаркуз мекунад.
Ҳукумати Ҳиндустон ҷониби Покистонро ба пуштибонӣ аз ҳамлаи маргбор дар Кашмир муттаҳам кард ва аз рӯи даст гирифтани чораҳои шадид зидди Исломбод хабар дод. Покистон низ ваъдаи муқобила бо ин таҳдидҳоро додааст.
Як рӯз пас аз он, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, эҳтимоли коҳиши "қобили таваҷҷуҳ"-и таърифа ё боҷҳои гумрукӣ алайҳи Чинро матраҳ кард, Пекин рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки "дари гуфтугӯҳои тиҷорӣ ба таври комил боз аст".
Иттиҳоди Аврупо тарҳеро баррасӣ дорад, ки агар то охири имсол қабул шавад, дасти Брюсселро барои лағв ё бекор кардани сафари бераводид (бевиза) барои шаҳрвандони 61 кишвар, аз ҷумла Гурҷистон, Молдова ва Украина боз мекунад.
Пулиси Ҳинд мегӯяд, бар асари ҳамлаи шахсони мусаллаҳ ба тарафи сайёҳон дар минтақаи Ҷому ва Кашмир 26 кас кушта ва 17 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳамлаи хунбортарин дар минтақа дар ду даҳсолаи охир ба шумор меравад.
Ёфтҳои бештар