Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти ҳайате аз Афғонистон бо вазири энержии Тоҷикистон


Акси мулоқоти Далер Ҷумъа, вазири энержии Тоҷикистон бо масъулони ширкати "Брешна"-и Афғонистон аз саҳифаи Х-и ширкати афғонистонӣ гирифта шудааст
Акси мулоқоти Далер Ҷумъа, вазири энержии Тоҷикистон бо масъулони ширкати "Брешна"-и Афғонистон аз саҳифаи Х-и ширкати афғонистонӣ гирифта шудааст

Намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва ширкати “Брешно”-и Афғонистон зимни як ҳамоиш дар Душанбе амалӣ кардани тарҳи CASA 1000-ро баррасӣ кардаанд. Намояндагони ширкати “Брешно”-и Афғонистон, ки аз сӯи ҳукумати “Толибон” таъин шудаанд, барои ширкат дар ин ҳамоиш дар Душанбе ҳузур доранд.

Рӯзи 15-уми май хабарнигорони Радиои Озодиро ба ҳамоиши намояндагони чор кишвар роҳ надоданд. Як масъули Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, хулосаи ин нишастро дар як иттилоия шарҳ медиҳанд.

Ду намояндаи ширкати “Брешно”-и Афғонистон дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, мавзӯи асосии ин ҳамоиш чигуна амалӣ кардани тарҳи CASA 1000 дар ҳудуди Афғонистон аст.

“Қисматҳои тарҳи CASA 1000 дар Қирғизистон ва Тоҷикистон тақрибан иҷро шудаанд. Ба далели ҷангу нооромӣ дар Афғонистон қисмати ин тарҳ дар ин кишвар иҷроношуда монд. Барои ҳамин мо омадем, ки дар бораи пиёда сохтани тарҳи CASA 1000 дар ҳудуди Афғонистон бо шарикони дигарамон суҳбат кунем,” - афзуд як намояндаи ширкати “Брешно”.

Тарҳи CASA-1000 як тарҳи байналмилалиест, ки чанд сол пеш иҷрои он бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ оғоз ёфт ва арзиши он беш аз 1 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Бар асоси ин тарҳ, хатти баландшиддати барқи 750-километрие сохта мешавад, ки барқи Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба Афғонистон ва Покистон интиқол медиҳад.

Ҳузури намояндагон Толибон дар нишасти Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00

CASA-1000 қодир хоҳад буд, 1000 мегават нерӯи барқро ба Покистон ва 300 мегаваттро ба Афғонистон бирасонад. Ҳукумати Толибон, ки расман эътироф нашудааст, баҳори соли 2024 созишномаи CASA-1000-ро имзо намуд ва иҷрои ин тарҳ, ки бо сабаби ноамниҳо дар Афғонистон ба таъхир афтода буд, аз сар гирифта шуд.

Дар ҳоле, ки баъзе расонаҳо аз омадани ҳайати “Толибон” ба Душанбе хабар доданд, намояндагони ширкати “Брешно” гуфтанд, танҳо намояндагони ин ширкат ба Душанбе омадаанд. “Мо 8 нафар ҳастем, аз ҷумла роҳбари ширкати “Брешно” Абдулборӣ Умар ва чанд мушовири техникӣ,”-гуфтанд ду намояндаи “Брешно”.

Ширкати “Брешно” масъули асосии хариду фурӯш ва тақсими барқ дар Афғонистон аст ва зери назорати ҳукумати “Толибон” кор мекунад.

Дар ҳамин ҳол Абдулборӣ Умар, раҳбари ширкати энержии “Брешно”-и Афғонистон аз дидораш бо Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод. Роҳбари “Брешно” дар шабакаи X навиштааст, бо Далер Ҷумъа дар бораи “масъалаҳои муҳим” гап задааст. Сомонаи “Брешно” навиштааст, “Далер Ҷумъа намояндагони Аморати Исломии Афғонистонро (Толибон ҳукумати худро чунин меноманд) самимона истиқбол карда, аз сафари онҳо изҳори қаноатмандӣ кард.”

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон дар бораи ин мулоқот ва ҳам омадани ҳайати ширкати “Брешно” хабар надодаанд.

Тоҷикистон яке аз камтарин кишварҳои минтақа аст, ки ҳукумати "Толибон"-ро танқид мекунад. Ҳарчанд моҳи августи соли 2024 расонаҳои Афғонистон аз сафари Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Афғонистон ва дидораш бо мақомҳои ҳукумати "Толибон" гузориш доданд, аммо Душанбе ин хабарҳоро расман тасдиқ ё рад накард.

Бо вуҷуди интиқоди мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати “Толибон”, ҳамкориҳои энержӣ ва тиҷоратӣ миёни ин кишварҳо вуҷуд доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG