Ба гуфтаи Парвиз, ӯ бештар на аз фурӯши албомҳояш, балки аз баргузории консертҳо даромад мебинад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди Парвиз дар Қазоқистон низ ба мисли Тоҷикистон қаллобон фаъолияти густурда доранд ва таронаҳои овозхонон қабл аз нашри алъбоми расмияшон ба фурӯш бароварда мешавад. Аммо аз нигоҳи Парвиз аз сӯи дигар, хидмати ба истилоҳ “хирсона”-и қоҷоқчиён дар касби маъруфияти ин ва ё он оҳанг зиёд аст.
Парвиз мегӯяд, «дар Қазоқистон ҳам дар мубориза бо қочоқчиён дасти кӯтоҳ доранд. Ин аст, ки овозхонон наметавонанд аз нашри албомҳояшон фоидаи бештари молӣ ба даст оранд. Аммо агар тарафи дигари ин масъаларо нигоҳ кунем, бо кӯмаки онҳо таронаҳои мо ба зудӣ шинохта ва маъруф мешаванд».
Парвиз Назаров меафзояд, яке аз орзӯҳояш, ки то ҳануз амалӣ нашудааст, офаридани нақш дар синамо будааст. Вай афзуд, нақшҳое ки барои вай то имрӯз пешниҳод шуда буданд, чандон ҷиддӣ набуданд, аз ин рӯ Парвиз онҳоро сарфи назар кардааст.
Ба гуфтаи Парвиз Назаров, ҳамчун овозхони касбӣ ӯ дар Тоҷикистон камол ёфтааст. Аммо баъд аз оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба Қазоқистон кӯч баст ва аз он замон то имрӯз дар шаҳри Алмаато ба сар мебарад. Шаҳди шӯҳратро Парвиз дар соли 1996 пас аз иҷрои таронаи “Еду на юг” чашид ва аммо як соли баъд соли 1997 таронаи “Белые Облака” ӯро дар Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ маъруф кард. Парвиз нақши амаки худ Далер Назаров - ситораи саҳнаи тоҷикро дар камолоти ҳунарияш калидӣ медонад.
Парвиз Назаров мегӯяд, ҳарчанд дур аз Тоҷикистон ба сар мебарад, аммо ҳамеша бо ёди ватан ва ошиқи ватан аст. Ва ду консерти баргузоркардаи Парвиз дар маркази савдои “Вафо-сентр” дар Душанбе аз он далолат мекард, ки ҳамингуна мухлисон ҳам шефтаи оҳангҳои Парвизанд ва муштоқи хонданҳои ӯ.
Пас аз садо карданҳои зиёди мухлисон Парвиз рӯи саҳна омад ва барномаи консертияшро бо таблнавозӣ шурӯъ кард ва тори дили садҳо шунавандаро ба оҳанги мусиқӣ ҷӯр намуд.
Парвиз дар саҳна хеле озод буд, бо мухлисонаш сӯҳбат мекард, таърихи эҷоди бархе аз оҳангҳоро қисса менамуд ва таронаҳои фармоишии онҳоро месуруд. Дар барномаҳои консертии Парвиз Назаров гурӯҳи шинохтаи тоҷик “Авасто” низ ширкат дошта, чанд тарона иҷро кард.
Ин севвумин консерти расмии Парвиз Назаров дар Душанбе буд ва дар ин сафар ӯро ҳамсараш, ки ҳамзамон продюсераш низ ҳаст, ҳамроҳӣ мекард. Барои роҳ ёфтан ба консерти Парвиз ҳаводорони ӯ аз 80 то 120 сомонӣ пардохт карданд.