Пизишк Муродбек Ашӯрбоев аз маркази ташхиси тиббии ҷумҳуриявӣ мегӯяд, чунин бод ба афроди мубтало ба бемории қалб, набзи баланд ва мубталои бемориҳои роҳи нафас ва ирсӣ таъсири бад дорад. Ҳамчунин, одамони солимро ба дарди сар ва хастагӣ дучор мекунад.
Профессор Холиқназар Муҳаббатов мегӯяд, ғубори бод аз зарраҳои хурди хок, ки лёс ном дорад, иборат аст. Лёс қабати болоии таҳшиниҳои баҳри Арал аст, ки аз намаку моддаҳои барои саломатии инсон зараровар ташкил шудааст. Лёс хушк аст ва бо вазиши бод намии набототу ҷонваронро ба худ меҷаббад.
Профессор Муҳаббатов афзоиши боди афғонӣ дар чанд соли ахирро ба хушкидани баҳри Арал ва тағйири иқлим рабт дод. Коршиносони Созмони милал низ биёбоншавии бахше аз минтақаҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Қазоқистону Узбакистонро ба хушкидани баҳри Арал рабт медиҳанд. Ин коршиносон мегӯянд, хушкидани Арал фоҷеаи қарни 20 барои инсоният мебошад ва кишварҳои минтақа то ҳанӯз даҳшати ин фоҷеаро эҳсос накардаанд.