Хонуми 31-солаи тоҷик бо номи Моҳинав собиқаи омӯзгорӣ дорад, ба иҷрои ҳамаи кор омода буда, барои фаъолият дар Саудӣ кори хонаро интихоб кардааст. Ӯ мегӯяд, шояд муштаракоти динӣ бо ин кишвар мушкилоти ӯро дар надонистани забон, қавонини ҷомеаи шоҳигарии Саудӣ ва одатҳои миллати араб то андозае сабук гардонад. Мисли ӯ даҳҳо зани дигар низ ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ доранд.
Ба назар мерасад, феълан, Саудӣ барои хоҳишмандонаш биҳиштеро мемонад, ки орзӯҳои амалинашудаи муҳоҷирони тоҷикро амалӣ ва онҳоо аз бенавоӣ раҳо мекунад.
Насим, ҳамсӯҳбати дигари мо, мегӯяд, 3 моҳ аст, ки забони арабӣ меомӯзад ва дар рӯйхати аввали муҳоҷирони корӣ ба Саудӣ номнавис шудааст. Аммо то кунун рӯзи рафтани онҳо мушаххас нест.
Тирамоҳи соли 2009 дар Душанбе ниҳодҳои марбути муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикистон ва Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Вале, бино ба иттилои сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе, то кунун ягон корвони муҳоҷир бар пояи ин созишнома вориди Саудӣ нашудааст. Дар Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Тоҷикистон мегӯянд, корвони муҳоҷирон дар ҳолати омодабош қарор дорад ва интизори даъват аз Саудӣ аст.
Сари масъалаи муҳоҷират ба Саудӣ феълан танҳо як ширкат бо номи "Замони Юнус" кор мебарад. Ин ширкат мегӯяд, то ҳол тақрибан 3,500 хоҳишманди муҳоҷирати корӣ дар Саудӣ номнавис шудаанд ва ба наздикӣ як гурӯҳи 25-нафара, пас аз он гурӯҳи 137-нафара озими сафар хоҳанд шуд. Раҳбари ширкати "Замони Юнус" мегӯяд, коргаронро бар иловаи омӯзиши забон, ҳамчунин, бо фарҳанг, урфу одат ва қонунҳои кишвари муҳоҷират ошно мекунанд ва сипас мефиристанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Саудӣ
Саудӣ Русия нест?
Аммо таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Саудӣ Русия нест, ки муҳоҷирони кории тоҷик тавонанд озодона равуо намуда, ба ватан даҳҳо миллион доллар фиристанд.
Рустам Валив собиқаи беш аз 3 соли зист дар Саудӣ дорад. Ӯ мегӯяд, бозори кории ин кишвар чандон талабгори нерӯи кории Тоҷикистон нест. Зеро, муҳоҷирони кории Покистон, Бангладеш, Индонезия бо музди ночиз дар бозори меҳнати он ҷой гирифтаанд.
Фаридуни Роҳнавард, журналисти ҷавон, мегӯяд, муваффақияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз бастагиҳои тоҷикон бо русҳо аз замони Шӯравӣ меояд ва умумиятҳо миёни мардуми тҷоику рус зиёд аст. Дар олами араб вазъ дигар аст.