Як гурӯҳи сокинони деҳот аз ба дасти деҳқон гузаштани заминҳои колхозӣ изҳори хушнудӣ мекунанд, аммо гурӯҳи дигар ҳанӯз ҳам ба кор дар колхозҳои шуравӣ бартарӣ медиҳанд. Ба андешаи онҳо, он замон колхозчӣ аз назари иҷтимоӣ ҳимоя мешуд ва муҳим аз ҳама зиндагии таъмину осуда дошт.
Ҳамчунин мардуми деҳнишин эътироф мекунанд, ки истиқлолият ба онҳо имкони заминдорӣ ва бизнеси хусусиро фароҳам овард. Заминҳои колхоз миёни хоҷагиҳои деҳкони тақсим шуд. Даромад аз кишти замин дигар на ба буҷаи колхоз, балки ба ҷайби оилаи деҳқон меравад. Ин равиш сатҳи зиндагии як қишри муайяни сокинони деҳро боло бурд.
Аммо насли ҷавон, ки дар бораи Шӯравӣ аз китобҳо хонда ва аз қиссаҳои момову бобо шунидааст, чизе барои қиёс надорад ва мегӯяд аз зиндагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол розӣ аст.