Нигина Рауфова, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки субҳи рӯзи 22-юми декабр дар синни 65-солагӣ аз дунё даргузашт, дар оромгоҳи Лучоб ва дар канори қабри афроди саршинос ба хок супорида шуд. Дар маросими видоъ бо Нигина Рауфова, намояндагони давлат, аҳли фарҳанг ва дӯстону мухлисони ин ҳунармарди саршинос иштирок доштанд.
Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар маросими видоъ бо хонум Рауфова, нақши ӯ дар мусиқии тоҷикро муҳим арзёбӣ кард ва гуфт: “Нигина Рауфова аз зумраи шахсиятҳои мӯътабари мардуми тоҷик аст, ки ба шарофати истеъдоди асил ва истеъдоди табииву худоди худ дар дилу дидаи мардуми мо ҷо гирифтанд. Барои тарбияи даҳҳо нафар шогирдон низ хидмати арзанда карданд.”
Сухан гуфтан дар бораи Нигина Рауфова, дар замоне ки дар ҳаёт нест, на барои ҳамаи дӯстонаш осон буд.
Нуқра Раҳматова ва Мастона Эргашева, ки аз дӯстони наздики Нигина Рауфова буданд, мегӯянд, онҳо натанҳо як ҳунарманди асил, балки дӯсти ҷонии худро “гум кардаанд”.
Нуқра Раҳматова, овозхони маъруфи тоҷик, мегӯяд, ҳар лаҳзаи ҳамкорӣ ва буданаш бо Нигина Рауфова лаҳзаи хотирмон аст ва ӯ аз он афсӯс мехӯрад, ки як ҳамдами рози худро аз даст дод.
“Бо ҳам суруд хондем. Лекин моро партофту рафт. Як гули маҳфили мо буд. Сафарҳои ҳунарӣ мерафтем. Ӯ латифаҳо мегуфту мо механдидем. Аммо имрӯз гиря мекунем...”,афзуд ӯ.
Мастона Эргашева, овозхони дигари тоҷик, низ мегӯяд, онҳо сари ҳар вақт бо Нигина Рауфова ҷамъ омада хушҳолӣ мекарданд ва акнун бо рафтани Нигина сафи онҳо камтар шуд.
“Манбаъи сурудхонии Нигина оҳангсоз Фаттоҳ Одина буд. Тамоми сурудҳои офаридаи ӯро Нигина месароид. Сарҳади овози ӯ баланд буд. Ӯ ҳам бе асбоб хонда метавонист ҳам бо асбоб. Тамоми эҷодкорон мехостанд, ки суруди ӯро Нигина хонад”,-илова кард Яҳёев.
Аммо ҳамон тавре, ки Муҳиддини Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, на танҳо садои Нигина Рауфова, балки сабку фаъолияти ӯ низ аз дигарон фарқ доштанд.
Оқои Кабирӣ мегӯяд, баръакси дигар овзхонҳо, хонум Рауфова на аз дунболи мухлисони худ, балки мухлисонаш ба дунболи ӯ мерафтанд.
Вай афзуд, “Ба санъати мардумӣ содиқ монд. Ва ҳамеша мухлисашро маҷбур мекард, ки аз қафои ӯ биравад. Ҳеч гоҳ ба мухлисаш хиёнат накард ва мухлисони апаи Нигина низ то ба охир ба ӯ содиқ монданд. Ин вижагии апаи Нигина буд, ки ӯро аз дигар санъаткорон, ки ҳамеша дар пайи бозор ҳастанд ва услуби худро вобаста бо бардошти бозор тағйир медиҳанд, фарқ мекунонд.”
Бо ин ҳол, Нигина Рауфова, ки ҳамагӣ аз ӯ бо эҳтиром “апаи Нигина” ном мебаранд, ба гуфтаи Гулрухсори Сафӣ, мисли барқ дурахшиду мисли ахтар хомӯш шуд.