Аммо суоли аслӣ ин аст, ки чаро чунин иттифоқе уфтод? Ҷавонони норозӣ аз ҳукми додгоҳ мегӯянд, ки Каён Раҳмихудоев, барқасдона амали куштор анҷом надодааст, балки куштор бар асари аксуламалӣ худдифоъӣ пеш омадааст. Ва мақомоти додгоҳ ба гуфтаи мӯътаризон пул гирифта ва ваъдаи кам кардани мӯҳлати маҳкумияти ӯро додаанд, аммо ба ваъдаи худ амал накардаанд. Ва ин кор, яъне ҳам ситонидани пора ва ҳам ҳукми 9 соли зиндони Раҳмихудлоев дар зиндони бо низоми сангин, боиси хашми сокинони Хоруғ шудааст.
Сабзалӣ Маҳмадризоев, як сокини Хорӯғ ва шоҳиди айнии таҳаввулоти ҷорӣ мегӯяд: «Суду прокурор ваъда карданд, ки ҳамон бародара статияш худмуҳофизаткунӣ аст. Яъне барои худмуҳофизаткунӣ корд задаст. Пора ҳам додагиянд судияҳоро. Вале дар охир прокурор 12 сол пурсидаст, судя се солша буридаст, 9 сол додаст. Баъд он
Намое аз Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон
бародаронро қаҳрашон хестаст ва омада судя ва прокурора заданд, барои он, ки фиребашон карданд. Ҳамин хел ҳодиса ба ҷое кашида шудааст, ки вазъиятро ноором кардааст.»
Ин дар ҳолест, ки раиси додгоҳи вилояти Бадахшон Саидмусаллам Шомусалламов, ҳар гуна муомила ва ришваситониии кормандони додгоҳро дар ин қазия рад мекунад ва мегӯяд, чунин даъвоҳое асос надорад.
Оқои Шомусалламов мегӯяд: “Ман барои кормандонам зомин мешавам, ки кормандонам тозаанд ва дар робита бо парвандаи мазкур касе пора нагирифтааст ва ба ин бовар дорам, раиси вилоят ҳам гуфтанд, ки қазияро таҳқиқ кунанд. Онҳое, ки ба додгоҳ тӯҳмат карданд, бояд муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”
РАИСИ ВИЛОЯТ: "БА ҚАЗИЯ РАСИДАГӢ МЕШАВАД"
Аммо қазия бо ин ба поён нарасид ва рӯзи 15-уми июн садҳо нафар аз сокини норозӣ ба назди ҳукумати вилоят ба нишони эътироз аз амалкарди масъулин ба додхоҳӣ омаданд. Қодири Қосим, раиси вилоят бо ин тазоҳургарон мулоқот кард ва хабар дод, ки нисбат ба даъвои додани ришва ва ҳамла ба сохтмони додгоҳ ва додситонӣ парванда боз шудааст. Ӯ ваъдаи расидагии одилона ба қазия ва баррасии онро дода ва тазоҳургарон бо интихоби як ҳайати даҳнафарӣ, аз намояндагони худ барои музокира бо мақомот майдони назди ҳукуматро тарк намуданд. Оқои Қосим гуфт: «Ягон масъалаи вазнине нест, ки ҳал нашавад, фақат дар доираи ақл, хирад ва одоб.»
Аммо шоҳидони воқеъа мегӯянд, ки амалкарди нерӯҳои интизомӣ дар ҷустуҷӯи омилони ҳодиса вазъияти ба вуҷудомадаро бештар печида кардааст. Ва сокинони бештаре аз бархӯрди нерӯҳо дар ҷодаҳои Хоруғ мӯътариз шудаанд ва ба ҷамъи тазоҳургарон пайвастанд.
Бар ҳар ҳол музокираи мақомоти вазорати дохилӣ бо афроди мӯътариз идома дорад. Сокини Хоруғ Салбзалӣ Мамадризоев мегӯяд: «Вазорати дохила як масъала мондааст, ки аз ҳамин ҷамъи 40- 50 нафар 9 касро бисупоред, дар ин масъала ҳеҷ кас розӣ нашуд. Гуфтанд ҳеҷ касро намедиҳем. Инҳо мардума говсуд мекунанд, ришва мегиранд, боз бо суд мекунанд, барои ҳамин ҳеч кас розӣ нашуд, ки ҳамон бародаронро ба милиса бидиҳанд. Дар Бадахшон порахӯрӣ пур аст, налог пур аст, боз ин мардум унқадар зиндагии хуб ҳам надорад. Аз сабаби паст будани сатҳи зиндагӣ, дигар мардум ба ҳар тариқа даст ба ҳар кор мезанад.»
МАРДУМ ЗИНДАГИИ ШОИСТА МЕХОҲАД
Бале, ин мардум солҳо дар интизори зиндагии хуб ва шоиста мебошад ва коршиносон мегӯянд, як омили сар задани
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, сиёсатмадори тоҷик
эътирозҳои мардумӣ дар Бадахшон маҳз сатҳи пасти зиндагӣ аст. Зиндагии ҳамроҳ бо ҳазор камиву костӣ ва мушкил ва бар иловаи он фасоди густардаи идорӣ ва давлатӣ, мардумро ба майдони додхоҳӣ кашидааст.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод ва яке аз сиёсатмадорони саршиноси тоҷик мегӯяд: «Мардуми Бадахшон бештар аз дигарон камбизоъат ҳастанд. Бинобар ин фасод ва ришва ба зиндагии онҳо таъсири сахттар мерасонад ва онҳо бештар ноадолатиро эҳсос намуданд. Дар Бадахшон дусад доллар музди кор, як ҳодисаи хеле нодир аст.»
ТАЗОҲУРОТИ АВВАЛИНИ БАДАХШОНИЁН НЕСТ...
Маркази Бадахшон дар се соли пеш низ маркази таҳаввулот ва эътирози алайҳи фасоди давлатӣ буд. Аммо дар он эътирозҳои се соли пеш нерӯҳои сиёсӣ ва фармондеҳони собиқи мухолифин нақши умда доштанд. Вале акнун на нерӯҳои сиёсӣ ва на фармондеҳони собиқ эътирозҳои ҳафтаи охирро раҳбарӣ намекунанд.
Аз коршиносон мепурсам чӣ омиле боиси ҷасорати ҷавонони Бадахшӣ мешавад то эътирози худро баён кунанд? Ба гуфтаи доктор Умаров, мушкилоти иҷтимоӣ ва вазъи буҳронӣ худ аз худ нерӯҳои нав ва шахсиятҳои тозаро ба майдон меорад. Ва агар давлат пеши роҳи фасодро нагирад, ин таҳаввулот дар дигар минтақаҳо низ такрор мешавад.
"ФАСОД СУБОТИ ҶОМЕАРО АЗ БАЙН МЕБАРАД"
Фасод имрӯз як воқеъияти ҷомеъаи Тоҷикистон ва муҳимтарин мушкили пеши рӯи он шудааст. Дар таърифи ин вожа ва хатару паёмади он мухолифон ва ҷонибдорони давлат як назар дорадд.
Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ, намояндаи маҷлис ва муовини раиси ҲНИТ аз он ҳам рӯшантар сӯҳбат мекунад ва мегӯяд, ки омили суқути давлатҳои шимоли Африқо ва ҷаҳони араб дар чанд моҳи гузашта маҳз фасоди густарда будааст. Ва муҳимтарин таҳдид ба суботи ҷомеа ва пойдории давлат ба назари оқои Ҳусайнӣ, на гурӯҳҳои мазҳабӣ, балки фасод ва ноадолатии иҷтимоӣ аст. Оқои Ҳусайнӣ мегӯяд:
Cаидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон аз ҲНИТ
«Норизоятии мардум аз низомҳои ҳоким бар мегардад, аслан ба фасоде, ки дар сатҳи ҳокимиятҳо вуҷуд дорад. Ҳоло таваҷҷӯҳро ба хатари дингароӣ ҷалб кардаанд, аммо ин мунҳариф намудани фикри ниҳодҳои марбута ва давлат аст. Дар асл хатаре надорад. Балки таваҷҷӯҳро ба ин тараф ҷалб карда, аз сӯи дигар фасод пояҳо ва решаҳои давлатро заъиф мекунад ва нобоварии мардумро ба давлат афзоиш дода истодааст.»
ПАЁМИ ТАҲАВВУЛОТИ ХОРУҒ ЧИСТ?
Коршиносон мегӯянд, таҳавулоти Хоруғ паёми рӯшанест ба мақомоти сиёсии кишвар, ки бояд ҷиддан ба авзоъ расидагӣ кунад ва ба ислоҳоти бунёдии низоми додгоҳӣ даст бизанад. Ахиран шикоят аз фаъолияти кори додгоҳҳо дар саросари Тоҷикистон авҷ гирифтааст. Ҳатто раиси ҷумҳури Тоҷикистон Э. Раҳмон низ дар паёми солонаи худ ба парлумони кишвар аз ин маврид ёдовар шуд. Гуфта мешавад бештари номаҳои шикоятӣ ба унвони мақомоти сиёсии Тоҷикистон аз қарор ва ҳукмҳои ба гуфтаи даъвогарон ноодилонаи додгоҳҳ мебошад.
Ҳоло маълум нест, ки ҳаводиси Хоруғ бо чӣ меанҷомад ва то куҷо доман паҳн мекунад ва оё мақомоти сиёсиро барои як ислоҳоти бунёдӣ такон хоҳад дод ё не. Аммо таҳаввулот дар ҳоли шакл гирифтан аст. Ва вазъи ришвату фасод ҳам бештар доман паҳн мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз таҳлилгарон нерӯҳои фурсатталабро дар ин сар задани ҳодисаҳои Хоруғ муқассир медонанд. Аммо ҳар чӣ ҳаст мегӯянд бархе дигар аз таҳлилгарон, баҳонаро ба ин нерӯҳо вазъи фасодбори дохилӣ додааст.
Бояд гуфт, ки эътирози се соли пеши сокинони Хоруғ, ки умдатан аз ҷумлаи размандагони пешини ИНОТ буданд, бо имзои як қарордод бо ҳукумат анҷом шуд. Тибқи он 100 мил силоҳ ба ҳукумат таслим шуда ва бар иваз эътирозгарон афв шуданд ва қазия хатм шуд, он замон низ даъво аз фасодкории мақомоти додситонӣ оғоз шуда буд. Вале он замон тазоҳургарон пешвои мушаххас бо номи фармондеҳ Имомназар доштанд, вале акнун мақомот бо кӣ музокира мекунанд, маълум нест.