тадқиқоти доиркардаи онҳо ба чунин натиҷа расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2006, мизони миёна ва ё ҳаҷми миёнаи маблағҳои сарфшуда барои ришват ва фасод аз 480 сомонӣ то ба 1800 боло рафтааст.
Сӯҳроб Шарифов гуфт, қиёси вазъи имрӯза бо соли 2006 ба он хотир аст, ки ҳамин гуна тадқиқот дар он сол низ ба анҷом расонида шуда буд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ҷараёни роҳандозии тадқиқоти мазкур, ки тӯли ним сол идома доштааст, беш аз се ҳазор аз атбои тоҷик, ки дараҷаи тахассус ва сатҳи донишашон мухталиф аст, пурсида шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чаро фасод дар Тоҷикистон бештар мешавад?
Оқои Шарифов афзуд, ба ин пурсиш афроди аз 18 сола боло, намояндагони касбу кори гуногун ва занону мардон посух додаанд. Аз он, ки номҳои афроди пурсидашуда мастур аст ва саволҳо низ ба таври пӯшида матраҳ шудаанд, ҷавобдиҳандагон бидуни ибо посух додаанд. Ва аз ин ҷиҳат афзуд оқои Шарифов, натиҷаи ин тадқиқот воқеияти имрӯзаи Тоҷикистонро дар робита ба мизони фасод инъикос кардааст.
МИЗОНИ ФАСОД БОЗ ҲАМ АФЗУДААСТ
Аммо бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон бар натиҷаи холисонаи пажӯҳиши мазкур тардид доранд. Амнияти Абдулназар- таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ як ниҳоди вобаста ба давлат аст ва аз ин рӯ наметавонад мизони фасод ва ришвахорӣ дар ниҳодҳои давлатиро, ки ҳамасола вусъат пайдо мекунад ошкор созад.
Ҳоҷимуҳамммад Умаров-иқтисодшиноси тоҷик
Аз ин рӯ беҳтар буд, ки ба ин кор созмонҳои иҷтимоӣ ва ё ғайридавлатӣ ҷалб шаванд
Вале бо вуҷуди ин, назарсанҷии омма бозгӯӣ аз он дорад, ки сатҳи фасод ба ҷойи он, ки коҳиш биёбад, боло рафтааст. Ҳоҷимуҳамммад Умаров-иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, ки чунин раванд дар кишварҳое чун Тоҷикистон, ки низоми тоталитарӣ ҷорӣ аст, авҷ мегирад.
ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ 10 КИШВАРИ ФАСОДЗАДАИ ДУНЁ?
Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки барои шаффофияти ҳарчи бештар дар амри гузаронидани ин тадқиқот, аз шева ва усулҳои мавриди истифодаи Cозмони байнулмилалии Шаффофият ё Тransparency International ё низ истифода карданд.