Бо вуҷуди ин ки кор ёфтан дар ягон корхонаи давлатӣ ё ширкати хусусӣ аз бартариҳои имрӯзи Тоҷикистон номбар мешавад, боз ҳам ин бартариҳо ба гунае нестанд, ки мардум мепиндоранд.
ҚИССАИ ЯК КОРГАРИ ТОҶИК...
Ҷамшед Иброҳимов, як шаҳрванди Тоҷикистон дар ширкати чиноии "ТК-Мобайл" аз соли 2006 то соли 2009 ба ҳайси муҳандис кор кардааст. Мушкили ӯ бо кордиҳанда пас аз садамаи автомобилӣ шӯруъ шуд.
Садама дар ҷараёни сафари хидматии ӯ бо ҳамкораш ба яке аз минтақаҳои кишвар рӯх дод ва дар ҷараёни он ҳамкораш ҳалок ва худи Ҷамшед шадидан маҷрӯҳ ва баъдан маъюб шуд
Ӯ мегӯяд, ки баъд аз 4 моҳи бистарӣ будан дубора ба корхона баргашт. Аммо пас аз фурсате мақомоти "ТК-Мобайл" бар хилофи қавонини Тоҷикистон, қарордоди кориро бо ӯ қатъ карданд. Ҳоло Ҷамшед талош дорад, ки ҳуқуқи худро аз тариқи додгоҳ ҳимоят кунад.
Вай мегӯяд: "Ман ҳукми додгоҳро овардам дар мавриди 80 дарсад ба кор таъмин кардан, аммо ба инобат намегиранд. Мегӯянд, ки аз сари нав аз ташхиси тиббӣ гузарам, ҳоло он, ки санадҳои ташхисро дорам, зоҳиран маъюбии манро мебинанд, медонанд, аммо ба кор таъмин намекунанд. Маро ҳангоми иҷрои кор маъюб карданд, боз..."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нақзи ҳуқуқи коргарони тоҷик дар як ширкати чиноӣ
ШИРКАТҲОИ ХОРИҶӢ ВА КОРГАРОНИ БУМӢ
Дар корхонае, ки Ҷамшед кор мекард, 182 корманд аксаран ҷавонҳо истихдом шудаанд. Аз ин теъдод 12 нафар шаҳрванди чинӣ ва боқӣ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Талошҳои мо барои сӯҳбат бо роҳбарияти ин ширкат, ки шаҳрванди Чин аст самар надод ва касе аз масъулин дар бораи он, ки чаро ҳуқуқи меҳнатии коргарон ва кодекси меҳнатии Тоҷикистон дар ин ширкат нақз мешавад, иттилоъ додан нахост.
Гуфта мешавад, ки баъзе кормандони дигар ҳангоми баргаштан аз рухсатии бемаош, аз қатъ шудани қарордодашон бо корхона огаҳ шудаанд. Заррина аз кормандонест, ки бе ҳеҷ асос ҳангоми дар рухсатӣ будан аз кор сабудӯш шуд. Аммо, ба назар мерасад, ки мақомот фаҳмиданд, ки дар қазияи Заррина қонун ба таври рӯшан нақз шудааст ва зуд аз пайи ислоҳи он шудаанд. Ҳамакнун, дар асоси номаи Хадамоти меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ, масъалаи ба ҷойи кор барқарор кардани Заррина Набиева дар ширкат мавриди баррасӣ қарор дорад. Чанде қабл Фарангис Иброҳимовар низ, ширкат аз кор ронда шудааст.
Бино ба иттилои як манбаи расмӣ, дар давоми нимсолаи солӣ ҷорӣ аз ин ширкат 12 нафар бидуни ҳеҷ асоси қонунӣ, аз кор ронда шудаанд.
КӢ ДАР ШИРКАТҲОИ ХОРИҶӢ СОҲИБИ КОР МЕШАВАД?
Дарёфти кор дар ширкатҳои хориҷӣ бо маоши беҳтар танҳо насиби онҳое мешавад, ки ихтисоси замонавӣ доранд. Сафи ин гуна мутахассисон сол то сол дар кишвар меафзояд ва ин интихоби ширкатҳои хориҷиро дар пайдо кардани корманд бештар мекунад. Ва ҳамзамон мавқеъи онҳоеро, ки дар чунин ширкатҳо кор мекунанд, заиф мекунад. Чун кордиҳанда медонад, ки бо аз кор берун кардани як нафар коргар, даҳ тани дигар омодааст ин қарордодро ба даст биёрад. Умдатан аз кор рондани корманд гоҳо бо як-ду баҳонаи содда анҷом мешавад. Манбаи расмии мо мегӯяд, ин баҳонаҳо ин қадар содаанд, ки ҳар яки онро метавон дар додгоҳ «хунсо» кард. Ҳадамаоти ҳифзи меҳнат мегӯяд, барои барраси кардани чунин ҳолатҳо, шикояти шифоҳӣ низ кофӣ аст.