Бо гузашти як сол аз фирори 25 маҳбуси боздоштгоҳи КДАМ бархе суолҳо то ба ҳол посухи худро пайдо накардаанд.
То ба ҳол мақомот гузориши расмие дар бораи сабабҳо ва натиҷаҳои ниҳоии ин фирор ба ҷомиа пешниҳод накардаанд.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳамчунин амалиёти муҳим бидуни баҳс натиҷагирӣ мешавад ва ба суолҳои ҷомеа посух дода мешавад: "Сохторҳои марбутаи зидахл бояд дар ин масъала бояд ҳисобот диҳанд, ки чӣ тавр шудааст як гурӯҳи калони маҳбусон аз ҳамчунин маҳбаси низомаш шадид фирор кунанд. Тайи як соли гузашта то куҷо маҳбасхонаҳои кишвар ва нигаҳдории маҳбусҳо беҳбуд
АбдулҒанӣ Маҳмадазимов
ёфтанд? Оё боз имкони пеш омадани ҳамчунин фирорҳои бесобиқа вуҷуд дорад, на фақат дар ин маҳбас, балки дигар маҳбасҳо низ? Боз дигар суолҳое ҳастанд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ мехоҳад посух бигирад."
Зарурати ҳамчунин як гузориш ё ҳисобот барои ҷомеаро коршиносон бо он асоснок мекунанд, ки "фирори аср" дар ҳайати 14 шаҳрванди Тоҷикистон, 5 табааи Русия, 4 нафар аз Афғонистон ва 2 тан аз Узбакистон, аз Душанбе то Рашт ба эҳтимоли зиёд як қатор ҳаводиси дигареро таҳрик додаанд ва ин амалиёт то ба имрӯз идома дорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пас аз як сол. Норӯшаниҳои "фирори аср"
Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, зарурати як гузориши вижа аз амалиёти ҷустуҷӯи фирориён, ҳатто пас аз анҷоми амалиёт низ вуҷуд надорад: "Зеро ин натиҷаҳоро мо саривақт ба ҷомеа пешниҳод
Муҳаммадулло Асадуллоев
мекардем. Натиҷаҳои ҳар як амалиёт дар матбуот инъикос меёфтанд ва мардум аз асли воқеаҳо огоҳ мешуданд."
Тибқи омори расмӣ, тайи як сол аз 25 маҳбуси фирорӣ 8 тан кушта, 16 нафари дигар боздошт шудаанд. Охирин фирорӣ Аъзамшо Зиёев, аз наздикони фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони пешини Тоҷикистон, Мирзо Зиёев, аст, ки ба қавле, дар озодӣ ба сар мебарад. Вале мақомот мегӯянд, иддае аз боздоштшудагон баёнот додаанд, ки ҳангоми даргириҳо дар Рашт ӯ низ кушта ва ба дарё ғарқ шудааст.
Аз ҷумлаи боздоштшудагон се шаҳрванди Афғонистон дар ҳудуди кишвари худ ҳамроҳ бо чор табааи Тоҷикистон дастгир шуда буданд. Аммо ҳукумати Афғонистон ба далели он ки тибқи қавонини байнулмилалӣ ҳақ дорад, шаҳрвандони худро ба кишвари дархосткунанда надиҳад, онҳоро таслим накард.
Ба ҳамин минвол, се табааи Афғонистон афроде маҳсуб мешаванд, ки расман аз пайгарди қонунии мақомоти амниятии Тоҷикистон ҷон ба саломат бурданд. Ва ин вазъ бархеро ҳам бар ин андеша овардааст, ки эҳтимолан ҳадафи фирор ин шаҳрвандони Афғонистон