Дар 20 соли гузашта ҳукумат чандин тарҳи мондагореро ба тасвиб расонд ва бархе аз онҳоро иҷро намуд.
Сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо банди 335-метрӣ ва обанборе дар минтақаи зилзилахез яке аз барномаҳои пур сару садо ва хотирмонӣ ҳукумати Тоҷикистон дар 20 соли истиқлол аст.
НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН
Сару садоҳо дар бораи ин сохтмон, ки дар чанд соли охир ба эътиқоди таҳлилгарон масоили фаннии он ба сиёсати минтақа ва ҷаҳон гиреҳ хӯрда, аз марзи Тоҷикистон хориҷ шуд ва то сенати Амрикову порлумони Иттиҳоди Аврупо расидааст. Амрико ва Аврупо тавассути Бонки ҷаҳонӣ дар сохтмони ин нерӯгоҳ алоқаманданд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон ду далел дорад.
шудани он, ки ба буҷаи давлат навсозӣ шудааст, норозианд ва дар ин бора чанд бор ба президенти ҷумҳурӣ муроҷиат карданд. Зеро пулакӣ шудани ин роҳ ба боло рафтани қимати колоҳо дар бозорҳои дохилӣ мунҷар шудааст. Аз сӯи дигар давлат низ барои ифшо кардани сирри ин ширкати баҳбарангез талош намекунанд. Бо вуҷуди он ки ин роҳ аз ду сол бад-ин сӯ аз сӯи ширкати Innovative Road Solutions Ltd (IRS) назорат мешавад, то ба ҳол сару садоҳо дар бораи ғайриқонуни пулакӣ шудани ин роҳ аз забонҳо наафтодааст.
ХАТТИ БАРҚИ ШИМОЛ--ҶАНУБ
Ба назари таҳлилгарон, барномаи хотирмон ва судманди иқтисодӣ дар тӯли 20 соли истиқлол сохтмони хатти интиқоли барқи 500-киловолтии Шимол-Ҷануб аст, ки Душанберо бо устони Суғд пайваста, Тоҷикистонро аз ниёзмандии истифодаи шабакаҳои барқи Узбакистон раҳо кардааст. Аз сӯи дигар ба эътиқоди Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси энержӣ, бо сохтмони ин хатти интиқоли барқ то андозае тавонист аз қочоқи нерӯи барқ ба Узбакистон ҷилавгирӣ шавад.
Ҷаноби Сайфидинов дар бораи аҳамияти ин тарҳ гуфт: "Барои Тоҷикистон ин як бартарӣ ва барномаи зарурати аввалиндараҷа буд. Зеро Тоҷикистон аз тариқи ду хатти интиқоли 500-киловолтӣ аз Регар ба Узбакистон барқ медод, вале ин миқдор барқро дар Тоҷикистон сокинони вилояти Суғд аз Узбакистон дарёфт намекарданд. Гузашта аз ин, Узбакистон аз мо барои интиқоли барқ пули транзит мегирифт. Ин тарҳ даҳони бархе аз сиёсатмадорони Узбакистонро баст, ки аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҷумҳурӣ судманд аст."
САНГТӮДА-1, 2 ВА...
Коршиносон ва таҳлилгарон сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" аз сӯи Русия ва сохтмони нерӯгоҳи "Сангтуда-2" аз сӯи Эрон дар Тоҷикистонро низ аз барномаҳои хотирмони 20 соли истиқлол унвон кардаанд. Зеро сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1 яке аз бузургтарин барномаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия аст, ки то ҷое мушкили камбуди барқ дар Тоҷикистонро сабук кардааст.
Сангтӯда 1
Бо вуҷуди он ки то ба ҳол масъалаи пардохти пули барқи Русия аз сӯи ширкати «Барқи тоҷик» дар равобит миёни Русия ва Тоҷикистон соя афкандааст. Хотирмонии нерӯгоҳи "Сангтуда-2" дар он аст, ки агрегати нахустини он аз сӯи мутахасисони эронӣ дар арафаи таҷлили 20-умин солгарди истиқлол ба кор андохта хоҳад шуд. Ва то охири соли ҷорӣ ду агрегати ин нерӯгоҳ, ки 220 мегаватт тавоноӣ дорад, мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
ШОҲРОҲ БА ЧИН
Зиёратшо Саъдуллоев, узви порлумони Тоҷикистон пайвастани Тоҷикистон бо Чин аз тариқи роҳи мошингардро барномаи хотирмони давлат дар 20 соли истиқлол унвон кард. Вай гуфт: "Яке аз пружаҳои муҳими хотирмон, ки мардуми водии Рашт ва умуман Тоҷикистон дар 70 соли даврони шӯравӣ ва пас аз истиқлол орзуи амали шудани онро доштанд, ин роҳи Душанбе-Нуробод-Ваҳдат то марзи Қирғизистону Чин буд. Бо сохтмони ин роҳ вазъи зиндагии мардум беҳтар шуду иқтисод пеш рафт."
Ба эътиқоди ҷаноби Саъдулоев, тавассути ин роҳ на танҳо бозорҳои дохилӣ аз колоҳои Чин ғанӣ шуд, балки Тоҷикистон метавонад бо кишварҳои дигар низ тиҷорат кунад. Вай афзуд, вақте Узбакистон дар тронзити колоҳо мушкил эҷод кард, Тоҷикистон тавонист, колоҳои лозимро аз тариқи ин роҳ ворид кунад.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар оянда шояд муаррихон дар бораи баландтарин милаи парчами Тоҷикистон ва китобхонаи миллӣ дар Душанбе ва ё музеи таърихии 2700-солагии Кӯлоб дар шаҳри Кӯлоб, ки акнун ба як харобазор табдил шудааст, сатре ба ёддошт гузоранд. Аммо сохтмони роҳҳо ва нерӯгоҳҳо барои наслҳо ҳамеша хотирмон аст, зеро ин барномаҳо дар зиндагии ҳаррӯзаи Тоҷикистон ва наслҳои ояндаи он нақши муҳим дорад.