Ширкатҳои "Суман" ва "Ҳафт пайкар" ба қасди ширкат дар намоишгоҳи байналмилалии Ethical Fashion Show, ки дар Порис аз 1 то 4-уми сентябр баргузор мегардад, озими Фаронса шуданд.
Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат гирифта, аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) иҷро ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.
Иштирокдорони намоишгоҳи мазкур -- ширкати "Суман" ва "Ҳафт пайкар" бо худ сӯзанӣ, зардеворӣ, пироҳанҳои дастидӯзи арӯсӣ ва болишро ба ин намоишгоҳ бурдаанд. Яке аз шартҳои аслии ин намоишгоҳи байналмилалӣ низ ҳамин аст, ки бояд маҳсулоти саноеи дастие ба намоиш гузошта шавад, ки он аз нахҳои соф ва аз ҷиҳати экологиву сиҳатӣ бехавф бошанд.
Тоҷикистон "Суман" ва "Ҳафт пайкар" дар Порисанд ва дар намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок доранд. Ин гуна тадбирҳо барои рушди тиҷорат дар кишвар ва боз ҳам беҳтару серахаридор кардани маҳсулоти саноеи дастӣ ва роҳ ёфтани он ба бозори ҷаҳонӣ имкон фароҳам меорад."
Нина Николская, тарроҳи собиқадори ширкати дӯзандагии "Суман" дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, вай агарчӣ рустабор аст, вале аз шавқу дилбастагии зиёд ба русуми тоҷикон ва либосҳои қадимаву дастидӯзи ин мардум ӯро ба ин коргоҳ овардааст: "Ин занҳо муъҷиза меофаранд. Дар сехи зардӯзӣ ва попурзанӣ мо барои арӯсони зебоямон камзӯлу пироҳанҳо ва тамоми ҷиҳози туёнаро медӯзем. Хурсандам, ки маҳсули дастони мо дар Порис ба намоиш гузошта мешавад. Ҳар сол духтарони ҷавони бисёре мактаби миёнаро хатм карда ба коргоҳи мо меоянд ва ин ҳунарҳоро аз устодон меомӯзанд. Ҷавонон низ вақтҳои охир ба ҳамин расму оин ва либоси миллии худ рӯ овардаанд. Ин маънои онро дорад, ки ин либосу ашёи зебо боз ҳам умри дарозтаре доранд."