Вале назари Сарвиноз дар мавриди бархӯрди Шӯравӣ бо рӯҳониён комилан дигар аст. Вай мегӯяд, Шӯравӣ кори дурусте мекард, ки рӯҳониёни хурофтопарастро ҳабс менамуд ё аз болои онҳо назорати шадид мебурд. Ӯ меафзояд, муҳимтар аз ҳама агар Шӯравӣ побарҷо мебуд, имрӯз вай соҳиби кори хубе мешуд ва дар шароити дигаре зиндагӣ дошт. Зеро ба андешаи ӯ дар Шӯравӣ ба савод ва дониш аҳамияти ҷиддӣ медоданд ва барои ба ҷое кор рафтан "тағо" ё маблағе ҳам лозим набуд: "Мо аз 60 то 90 нафар хатмкунадаи як мактаб будем. Ягон нафар дар сар андешаи ба куҷо ва ба кадом кишвар ё шаҳр барои кор рафтанро надошт. Аз якдигар мепурсидем, ки кӣ ба куҷо ҳуҷҷат месупорад. Ҳоло дар вақти хатми мактаб мегӯянд, ки як ду-сол ба муҳоҷират меравам, пул ҷамъ карда баъд ба Донишгоҳ шомил мешавам. Ин гапҳо дар Шӯравӣ набуд."
Сарвинозро ин андеша озор медиҳад, ки ҳоло тоҷикон дар Русия на ҳамчун як шаҳрванд, балки чун муҳоҷир ба сар мебаранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ дар Шӯравӣ мо лашкари азими беш аз як миллионнафарии муҳоҷире, ки ҳуқуқаш поймолу шароити баде дорад, надоштем. Ба гуфтаи ӯ агар Шӯравӣ мебуд, ҳоло касе дар муҳоҷират не, балки дар ватани худ, яъне дар гӯшаҳои Шӯравӣ озодона мегашт ва кору фаъолият мекард.
Аммо Муҳаммад, ҳамсӯҳбати дигари мо аз насли истиқлоли Тоҷикистон, гуфтаҳои ахири Сарвинозро аз як сӯ тасдиқ мекунад, аз сӯи дигар мегӯяд, ин ҳама мушкили гузаранда аст ва дар ояндаи наздик ҳама чиз хуб хоҳад шуд: "Бале, мо мушкил дорем. Аммо ободӣ ҳам дорем. Имрӯз аз сохтмони иншооти ҷамъиятӣ дида қасрҳои алоҳида қомат меафрозанд, ки ин молкияти 5 дарсади ҷомеаи мо аст. Яъне онҳое, ки пулу мансаб доранд. Боқимонда дар такудави нони даҳани худу фарзандонаш аст."
Муҳаммад пас аз хатми мактаб то кунун ду бор ҷои корашро иваз кардааст, ба иллати камии маош. Илова бар ин, бо назардошти зарурати иқтисодӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ низ машғул аст.