унвон мекунад, мегӯяд, баъд аз 1431 сол пайдо шудани онҳо дар ҷангалҳои Тоҷикистон ба ин маъност, ки дини Худоро ба ин мардум бирасонанд. Дар идома ӯ аз уламо ва мардуми кишвар даъват кардааст, ки дар роҳи пешгирифтаи онҳо аз ҳама гуна кӯмак, ҳам ба молу ҳам ба ҷон, дареғ надоранд. Ҳамзамон ба уламо ҳушдор додааст, ки ҷиҳод бар алайҳи онҳо низ фарз хоҳад шуд, агарки онҳо бо ҷиҳоди эълоншуда мухолифат варзанд.
Ҳамакнун, ки навори мазкур дар шабакаи ҷаҳонӣ сайр кардан дорад, коршиносон ва таҳлилгарон дар бораи он чӣ назар доранд? Оё мавҷудияти чунин гурӯҳҳое, ки саъй доранд бар бесуботӣ замина бигзоранд ва Тоҷикистонро ноорому ноамн нишон бидиҳанд, чӣ аст?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҳқиқи навори видеои "Ҷамоати Ансоруллоҳ" аз сӯи мақомоти амниятӣ
ҲИКМАТУЛЛО САЙФУЛЛОЗОДА, як масъули маркази таҳлилии "Диалог" дар шаҳри Душанбе мегӯяд, фаъолсозии чунин гурӯҳҳо, ки аз номи дини мубини Ислом сӯҳбат мекунанд, бо аҳдофи муайян ва муғризона сурат мегирад. Ҷаноби Сайфуллозода бо ишора ба сӯҳбатҳои бархе аз масъулони баландмақоми низомии кишварҳои абарқудрат, ки такрори "баҳори арабӣ" дар Тоҷикистонро баъид намедонанд, гуфт, ки нақшаи амали
Ҳикматуллоҳ САЙФУЛЛОЗОДА
чунин гурӯҳҳо дар хориҷ аз кишвар сурат мегирад. Ӯ афзуд, дар ҳама ҳолат вуҷуди чунин гурӯҳҳо бар зарари миллат ва низ зарари нерӯҳои мухолифи давлат хоҳад буд.
Аммо МАҲДИИ СОБИР, коршиноси умури амниятӣ бар ин назар аст, ки дар сурати ба таври фаврӣ ҷилавгирӣ накардани ин гурӯҳ, он метавонад кишварро ноором ва ҷомеаро қисмат намояд. Зеро ин гурӯҳҳо бо он ки аз хориҷ кӯмакҳои фаровон ба даст меоваранд, дар дохил низ ҳаводорони худро пайдо мекунанд.
Ба ин тартиб, шумори аъзои гурӯҳи мазкурро наметавон аз ин навори видеоӣ мушаххас кард. Вале дида мешавад, ки ҳамаи онҳо мусаллаҳанд, ришҳои дароз ва бархе ҳам дар сар пакули афғонӣ ва дар тан либосҳои низомӣ доранд.