22 сентябр рӯзи байнулмилалии бидуни мошин эълон шудааст ва ба он дар 38 кишвари ҷаҳон арҷ мегузоранд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое дониста мешавад, ки дар шаҳрҳои он шумори мошинҳо аз ҳад беш ҳаракат мекунанд. Махсусан, дар пойтахти ин кишвар, ки хиёбонҳои тангу борик дорад.
Агарчӣ Душанбе шаҳри
Бештар гази карбон ва метан, ки ба ҳавои атмосфера партоб мешавад, аз ҳисоби мошинҳо мебошад...
кӯчак аст, вале аз ҷумлаи сермошинтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Дар ҷодаҳои он ҳудуди 50 ҳазор навъҳои мухталифи автомобил ё худравҳо ҳаракат мекунанд. Ин ҳам бар иловаи он ки ҳар субҳу шом аз навоҳии атрофи пойтахт даҳҳо ҳазор мошин вориди шаҳр шуда ва аз он берун мераванд. МОШИН НИШОНАИ САРВАТ АСТ? (АКСУ САДО)
Аммо аксаран сермошин ба назар расидани ҷодаҳои кишварро на ба аз ҳад беш будани теъдоди мошинҳо, балки ба танг будани кӯчаҳои мошингард марбут медонанд. Нозирони роҳ мегӯянд, яке аз сабабҳои рӯздармиён рух додани садамаҳо низ ҳамин тангии роҳҳои пойтахт
мебошад. Ҳамсӯҳбати мо ронандаи яке аз мусофирбарҳои шаҳр -- Абдуҷаббор мегӯяд, воқеан шаҳр сермошин аст ва гоҳҳо наметавонад мусофиронро саривақт ба манзил расонад.
Ӯ гуфт: "Имрӯз, ки рӯзи ҷаҳонии бе мошин мебошад, мо ҳам тарафдори ба низом даровардани хиёбонҳо ҳастем. Дар ин роҳ амалиёти "Автобус", "Бачаҳо", "Велосипед"-ро гузаронидем, ки қоидаи роҳ ҳамаҷониба риоя карда шавад. Лекин бо вуҷуди ин ҳама на пиёдагардҳо ва на ронанадаҳо ва на велосипедронон ба қоидаҳои роҳ эътибор намедиҳанд. Аз аввали сол то 21 сентябр 984 садама рух додааст, ки дар натиҷа 319 нафар кушта шуда, беш аз 1 ҳазору 129 нафар захмӣ шудааст."
Вуҷуди аз ҳад беши мошинҳо, хусусан дуди ғализе, ки аз мошинҳо хориҷ мешавад, аз лиҳози зистмуҳитӣ низ ба саломатии сокинони шаҳр зарари ҷиддӣ доштааст. Холназар Муҳаббатов, коршиноси масоили зистмуҳитӣ, мегӯяд: "Бештар гази карбон ва метан, ки ба ҳавои атмосфера партоб мешавад, аз ҳисоби мошинҳо мебошад. Дар шаҳри Душанбе 84 дарсади газе, ки ҳаворо олуда мекунад, аз ҳисоби нақлиёт аст. Ҳоло олимони ҷаҳон дар ташвишанд, ки чӣ кор бояд кард, то аз олудашавии қабати ҳаво аз ҳисоби гази мошинҳо ҷилавгирӣ карда шавад."