Ҷӯрабек Умаров: "Ду дӯҳлнавоз аз Ҳиндустон, як таблнавоз, ки худ афғон аст, аз Олмон, як драмнавоз - барабанист аз Булғория ва мо ду нафар аз Тоҷикистон даъват шуда будем."
Ҷӯрабек Умаров (аз тарафи чап) бо Фарҳоди Дарё ва дигар аъзои гурӯҳи ӯ
Радиои Озодӣ: Консерт баргузор шуд?
Ҷӯрабек Умаров: "Мутаассифона, ин дафъа консерт баргузор нашуд. Рӯзи 20 сентябр, вақте дар варзишгоҳ машғули тамрин будем, дар куҷои шаҳр як таркиш ба амал омад. Намедонам, чӣ қадар дур буд, аммо мо шунидем. Аҳамият надодем ва ба тамрин машғул шудем. Баъд аз 20 дақиқа омаданд, гуфтанд, ки андак танаффус кунед, чӣ мушкиле рух додааст. Як соат интизор шудем. Боз омаданд, гуфтанд, ки тамрин намешавад, зеро кадом як одами бузургро куштаанд. Мо ба меҳмонхона рафтем, пас фаҳмидем, ки устод Раббониро террор карда будаанд. Азбаски се рӯз мотами миллӣ эълон карданд, консерт ҳам баргузор нашуд. Фарҳоди Дарё ҳам сахт ғамгин буд. Гуфт, ки дар оянда фурсат шавад, ин консертро баргузор мекунем. Мо ҳам чанд рӯз мондему ба Душанбе баргаштем."
Радиои Озодӣ: Ҷӯрабек, Шумо соли 2010 ҳам дар силсилаконсерти "Корвони сулҳ" бо унвони "Зиндагӣ зебост", ки хеле овозадор буд, иштирок доштед. Он замон чӣ тур буд?
Ҷӯрабек Умаров: "Он замон аввал дар Кобул консерт додем, аммо фақат барои ҳукуматиҳову кормандони сафорату созмонҳои хориҷӣ ва дар як маҷмааи варзишӣ дар ҳудуди арки раисҷумҳур. Дар Мазори Шарифу Ҳирот ва Ҳилманд ҳам консерт шуд. Дар Мазори Шарифу Ҳирот аз Тоҷикистон ману Бахтиёр Насриддинови барабанист будем. Оромӣ буд. Мешунидем, ки ноамнӣ аст, аммо дар ҳеҷ куҷо шахсан ин ноамниро надидам, чун асосан бо навозандагии худ машғул будам."
Радиои Озодӣ: Оё Шумо медонистед, ки Ҳилманд яке аз нуктаҳои ноамнтарини Афғонистон, ҳатто ҷаҳон аст ва 40 дарсади ҳероини ҷаҳон дар ин вилоят тавлид мешавад?
Ҷӯрабек Умаров: "Инро ба ман нагуфта буданд. Худам ҳам намедонистам, ки куҷо меравам. Дар бораи Ҳилманд ном ҷои Афғонистон ҳамон вақт шунида будам. Фикр кардам, ки мисли дигар ҷойҳои Афғонистон аст. Аммо маҳз барои ҳамин консерт аз мо хоҳиш карданд, ки либоси афғонӣ пӯшем. Мо ҳам суол накардем, барои чӣ. Баъд аз он ки консертро тамом кардем, продюсерҳо хурсандӣ карда, мегуфтанд, ки хайрият хубу беҷанҷол гузашт. Пурсидам, ки чаро? Гуфтанд, ки медонӣ, ин ҷо чӣ ҷои хатарнок аст?! Баъд фаҳмонданд. Ростӣ, баъд маро андак ваҳм гирифт. Маро барои он огоҳ накарда будаанд, ки ин фикр ба навозандагиам таъсир нарасонад. Аммо ним сол пеш аз Ҳилманд дар Ҳирот будем. Он ҷо консертро тамом кардему тақрибан 200 метр дуртар аз варзишгоҳ таркиш шуд. Варзишгоҳ, ки пури одам буд, зуд ҳамаро воҳима пахш кард. Гурезогурез сар шуд. Кӣ куҷое намегурехт. Навозандаҳоро дар варзишгоҳ медидӣ, мухлисонро дар саҳна. Навозандаҳо аз Ҳиндустону Олмон буданд. Асбобҳояшонро партофтанду гурехтанд. Ман акнун синтезаторамро ҷамъ мекардам. Дидам, ки ҳама мегурезанд, ман ҳам асбобро гузоштаму ба берун давидам. Қафои варзишгоҳ гузаштам, ки Фарҳоди Дарёро дар як мошин шинонданд. Пас низомиҳо омаданду гуфтанд, ки безобита нашавем, гапе нест, як таркиши маъмулӣ аст, ки ҳар рӯз мешавад."
Радиои Озодӣ: Баргардем ба Ҳилманд. Шумо хабар надоред, ки шояд ягона тоҷике ҳастед, ки солҳои охир дар ин вилоят буд. Мардуми он ҷоро чӣ гуна дарёфтед?
Ҷӯрабек Умаров: "Воқеан, ин як сафари аз дигар сафарҳо фарқкунанда буд. Мо ба як олами тамоман дигар рафта будем. Мо дар шаҳри Лашкаргоҳ - маркази он ҷо будем. Моро намегузоштанд, ки аз ҷои иқоматамон берун оем. Ҳатто афғонҳое, ки аз Кобул буданд ва калонсол буданд, шаҳрро намешинохтанд. Ба ном шаҳр буд, аммо бештар ба деҳаи калон монанд буд. Як шаҳре буд, ки гӯиё дар даруни биёбон аст. Хеле кам дарахт дошт. Мардумаш ҳам аҷиб буданд. Хеле ҳайрон шудам. Ба мо гӯиё ба як мардуми аз дигар сайёра омада менигаристанд. Дар муқоиса бо мардуми Ҳироту Мазори Шариф ва Кобул чеҳраҳои тарсзада ва маҳзун доштанд. Маълум буд, ки онҳо бо олами беруна робита надоранд ва сабаби ин ҳама ҷанги дурудароз аст."
Радиои Озодӣ: Аз ҳама шаҳрҳо ба Шумо кадоме хуш омад?
Ҷӯрабек Умаров: "Мазори Шариф. Ин як шаҳри тозаву озода, олами дигар аст. Идеяи консерте, ки рӯзи 21 сентябр бояд дар Кобул мешуд, ҳамон вақт пайдо шуд. Он ҷо мо як консерт махсус барои занҳо додем. Хеле мардуми зиёд омад ва гуфтанд, ки ҳамин тарҳи хуб аст ва бояд дар дигар шаҳрҳо ҳам пиёда кард."
Радиои Озодӣ: Мухлисон чӣ гунаанд дар Афғонистон?
Ҷӯрабек Умаров: "Бисёр фаъоланд. Маълум, ки ташнаи суруд ҳастанд ё санъатро хеле дӯст медоранд. Аз аввал то охири консерт, хоҳ бо таронаи ором сар шавад, хоҳ шӯх, ба шӯр омада, овозхонро дастгирӣ мекунанд. Ин танҳо дар консертҳои Фарҳоди Дарё не, пештар ҳамроҳи Манижа ҳам рафта будам ва мухлисон то охир ба ваҷд омада, ҳатто бо овозхон ҳамовозӣ мекарданд. Ман ин гуна мухлисонро надидаам. Аммо гоҳҳо бетартибӣ ҳам мекунанд, масалан, мехоҳанд, ки ҳатто рӯи саҳна оянд."
Радиои Озодӣ: Занон ҳам ҳамин тавранд?
Ҷӯрабек Умаров: "Бале. Агар наворҳои консерти Фарҳоди Дарё дар Мазори Шарифро бинед, мебинед, ки занони афғон дар толор чӣ гуна фаъоланд. Аммо дар консертҳои мардона занон иштирок намекунанд, агар кунанд, дар ягон ҷои дур, нонамоён ва ором мешинанд."
Ҷӯрабек Умаров: "Соли 2010 Шафиқ Қиёмпур ба ман муроҷиат карда, гуфт, ки ба Фарҳоди Дарё як киборднавози хуб зарур аст ва ҳама Шуморо тавсия доданд. Ман ҳам розӣ шудам ва бори аввал ҳам, ки дар Кобул навохтам, қабул шуд. Дуюм, ки мусиқии мо бо мусиқии Афғонистон як аст гӯем ҳам, хато намекунем. На фақат аз рӯи гӯш кардан ва забон, балки аз рӯи навохтан ҳам. Ин ҳам назокатҳои худро дорад, ки профессионалӣ ҳастанд ва агар фаҳмонам, хеле вақт мегирад."