Рӯзи чоршанбе дар пойтахти Тоҷикистон Муҳаммадқасими Фаҳим аз ҷумла гуфт: «Тоҷикистон бо вуҷуди ин, ки як кишвари хурд аст, вале онҳо қатъан ҳимоя карданд ва қатъан худро дар қазияи минтақа ва Афғонистон дахил медонанд ва мо ҳам дар машваратҳои марбут ба қазияҳои муҳими сиёсии минтақа ва Афғонистон бо онҳо суҳбат мекунем ва гӯш мекунем.»
Абдуллоҳи Роҳнамо, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки ду шакли таъсир барои ба даст овардани сулҳ дар ҳар кишвари ҷангзада аст. Яке роҳи қудратӣ ва дуввумӣ равонӣ аст, ки Тоҷикистон аз лиҳози равонӣ ва иҷтимоӣ метавонад ба ҳамсоякишвараш мусоидат кунад: “Агар дар Афғонистон оромӣ набошад ва амн набошад бисёр барномаҳое, ки Тоҷикистон дар оянда дар назар дорад, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, роҳ ёфтан ба Ҷануби Осиё маъно надорад. Аз ин рӯ Тоҷикистон манфиатдор аст, ки дар Афғонистон сулҳ бошад. Дигар ин, ки ҷойгоҳи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дарозтарин марзи муштаракро дар қисмати шимол бо Афғонистон дорад, имкон медиҳад дар сарнавишти он таъсир гузорад. ”
Исмоилхон, вазири энержӣ ва захоири обӣ Афғонистон
Вазири энержии Афғонистон Исмоилхон, ки ҳамроҳ бо ҷаноби Фаҳим ба Душанбе омадааст, мегӯяд, Афғонистон аз тариқи ин хатти барқ дар панҷ моҳи гармо бо иқтидори 300 мегават аз Тоҷикистон нерӯ хоҳад гирифт: «Аз тариқи ин хат дар сол панҷ моҳ Афғонистон аз Тоҷикистон барқ хоҳад гирифт ва бо ин минвол то соли 2015 идома хоҳад кард ва пас аз он мо барои 12 моҳ дар сол аз Тоҷикистон бо теъдоди 300 мегават барқ хоҳем гирифт.»
Ба қавли вазири энержӣ ва захоири оби Афғонистон, кишвари Тоҷикистон бар иловаи барқе, ки ба Тоҷикистон медиҳад, ҳамчунин дар расонидани кӯмакҳои башарии ҷаҳонӣ ба Афғонистон мусоидат мекунад. Ва гузашта аз ин, Тоҷикистон ба унвони кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг дар беҳбуд бахшидани зербиноҳои иҷтимоии Афғонистон нақши амалӣ хоҳад дошт.