Мо аз Парвиз Муллоҷонов, коршиноси мустақили тоҷик пурсидем, ки чаро қазия чунин ранг гирифт? Муллоҷонов гуфт, Тоҷикистон аз оғоз бидуни омӯзиш ва таҳлили паёмади қарораш худ иқдом кардааст.
Бисёре аз таҳлилгарони тоҷик нармиш дар рафтори Душанберо чун як амали дер ва бетаъсир унвон мекунанд ва мегӯяд, дигар ба истилоҳ тир аз камон ҷаст ва мошини саркӯбкунандаи пулис ва мақомоти муҳоҷирати Русия ба ҳаракат даромад.
"МУҲОҶИРОНИ МАРИЗ" ВА МАҒЗУ МАВИЗИ "ЗАҲРОЛУД"
Геннадий Онишенко- сарпизишки Хадамоти беҳдоштии Русия муҳоҷирони тоҷикро «манбаи паҳнкунандаи СПИД ва сил» эълон кард ва Хадамоти муҳоҷират низ гуфт, ки аксари ҷиноятҳоро дар қаламрави Русия маҳз муҳоҷирони тоҷик содир мекунанд. Акнун кӣ метавонад кафолат диҳад, ки агар ҳам қазияи халлабонҳо ба хубӣ ҳал шавад, амнияти муҳоҷирон дубора таъмин хоҳад буд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Даҳони пӯшида сад тилло? -Гузориши Абдуқаюми Қаюмзод
Аммо бархе аз коршиносон хати маши Тоҷикистонро дар бӯҳрон бо Маскав дуруст мешуморанд ва мегӯянд бо мавқее, ки Тоҷикистон дорад посух нагуфтан ба ҳар даъвои ҷониби Русия амали муфид буд.
Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов-коршинос аз созмони иҷтимоии «Индем» гуфт, ки барои раҳоии шаҳрванд ва ҳавопаймои худ Русия раиси ҷумҳурӣ ва вазири хориҷиашро ҳам ҷалб намуда талош кард қазияро бо сиёсат бипайвандад, вале ҷониби Тоҷикистон қазияро ҳуқуқӣ меҳисобад ва аз ин рӯ мудохилаи мақомоти сиёсӣ ба ин маъаларо муҳим намешуморад.
Бори аввал нест, ки дар равобити ду кишвари ба гуфтаи ҳар ду тараф “шарики стратегӣ” рахна пайдо шудааст. Дар гузашта низ бинобар сарпечиҳои Тоҷикистон аз дархостҳои бепули Русия дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ, ингуна ҷанҷолҳо ба миён омада буд ва силоҳи Русия дар он ҷанҷолҳо боз ҳам “муҳоҷирони мариз” ва мағзу мавизи заҳролуди Тоҷикистон буд.
Коршиносоне, ки равобити ду кишварро аз оғоз то ба имрӯз пайгирӣ кардаанд, бо назардошти масъалаи тамдиди муҳлати пойгоҳи 201-и Русия, имкони пайдо шудани рахнаҳои бештар дар ояндаро соқит намекунанд. Аммо буҳрони ахир метавонад барои мақомоти Тоҷикистон як такони ҷиддӣ шавад, ки доштани беш аз 1 миллион шаҳрванди вобаста ба пули Русия дар қаламрави ин кишвар ҳамеша ҳамчун абзори фишор болои мақомоти Душанбе боқӣ хоҳад монд.