Яке аз онҳо, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ду моҳ аст, ки маоши коргарон пардохт нашудааст, аз ин хотир, рӯзи ҷумъа бо нишони эътироз касе ба кор набаромад.
Коргарон мегӯянд, сохтмони Чойхонаи миллӣ аз сӯи се ширкат – ду ширкати тоҷикӣ ва як ширкати чинӣ анҷом мешавад. «Сохтмони кишвар» - ширкате аз вилояти Суғд бо кандакориву наққошии чойхона машғул аст ва ба қавли Усто Зоир Шамсуллозода, устои наққош ва яке аз коргарони он, дар гирифтани музди меҳнат мушкиле надоранд: «Мо бо коргарони дигар умуман коре надорем. Аз мушкилашон ҳам хабар надорем. Худи мо – наққошону кандакорон саривақт маоши худро мегирем. Рангу дигар лавозимотро расонида меистанд. Барқ дорем. Хӯрду хӯрок ҳам саривақт дода мешавад»
Маркази тафреҳии «Сомониён» ҳамчунин аз толорҳои намоиш, фурӯшгоҳҳо, маркази боулинг, билярдхона иборат хоҳад буд ва дар таҳхонааш барои 250 мошин истгоҳ ҳам сохта хоҳад шуд. Ин марказ аз иншооти ҷашнӣ маҳсуб мешуд, аммо сохтмони он то 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба анҷом нарасид ва ҳоло ҳам идома дорад.
Бинои нав дар Душанбе
«Сомон – Тоҷиксохтмон» аз ширкатҳои муваффақи бинокории Тоҷикистон аст, ки бузургтарин тарҳҳоро дар саросари кишвар, аз қабили бунёди корхонаҳо, макотиб ва ғайраро иҷро мекунанд. Ахиран сохтмони масҷиди бузургтарини минтақаро, ки бо 70 миллион доллари Қатар ва 30 миллион доллари Тоҷикистон шурӯъ шуд, низ ин ширкат ба зимма гирифт.
Як коршинос, ки низ нахост дар ин бора ошкор сӯҳбат кунад, гуфт, дар Тоҷикистон агар ширкати сохтмонӣ дар раддаҳои болоии ҳукумат пуштибони қавӣ надошта бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад чунин фармоишҳои бузургҳаҷм ва гаронарзишро ба даст оварад.
Иддае тахмин мезананд, ки «Сомон – Тоҷиксохтмон» аз ширкатҳои марбут ба «Ориёнбонк» ва раҳбари он Ҳасан Асадуллозода аст. Аммо Абдукарим Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси ширкат гуфт, ин тахминҳоро беасос хонд ва гуфт, сабаби эътимод ба «Сомон – Тоҷиксохтмон» ҳамоно ҳирфаияти баланди он аст.