Ӯ гуфт, “фикр намекунам, ки хонумҳои тоҷик аз занони қирғиз бисёр ақибмонда бошанд. Бубинед, раиси Додгоҳи олиаш зан аст, раиси додситони куллаш, раиси Бонки миллӣ ва президенти пешинаш зан буд. Дар Қазоқистон ҳам медонам, ки дар бисёр вазифаҳои калидӣ занон ҳастанд. То ҷое медонам, дар Туркманистон ҳам ҳамин хел аст. Ҳукуматҳо барои занҳо роҳ боз мекунанд. Давлат аслан ба занҳо аҳамият намедиҳад.”
Баъзе коршиносон бенақш будани занҳо дар сиёсат ва корҳои давлатиро ба мазҳабу боварҳои мардуми тоҷик марбут мекунанд, ки ба тасмимҳои ҳукумати дунявӣ дар қиболи занҳо низ таъсир гузоштааст. Аммо бисёриҳо ба ин ақида розӣ нестанд ва аз Покистони исломӣ намуна меоранд, ки солҳо дар он нахуствазир Беназир Бҳутто ҳукуматро сарварӣ карда буд ва ҳоло вазири хориҷиаш Нино Раббонӣ сиёсати хориҷии ин давлатро мушаххас мекунад.
МАРДОН: ҲАМ ШОҲУ ҲАМ ВАЗИР?
Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон (аз тарафи чап))
Гурӯҳи дигари коршиносон дар ҳошияи ҷомеа мондани занҳоро ба фарҳанги мардсолории ҷомеа марбут медонанд, ки мард чӣ дар хона ва чӣ дар идора ҳам шоҳ асту ҳам вазир.
Худойбердӣ Холиқназаров, раиси яке аз раёсатҳои Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд: “Дар қиёс бо Русияву Қазоқистону Қирғизистон ширкати занон дар кишвари мо камтар ба назар мерасад. Албатта, бо назардошти шароити иҷтимоии мо ва урфу одатҳо. Барои мисол, ҳар коре, ки карда мешавад занҳо мегӯянд, ки бояд мардҳо иҷро кунанд.”
Дар зимн, як назар ба матбуоти маҳаллӣ кофӣ аст, то бубинед, ки дар сӯҳбат бо занҳои мақомдор низ ҳарф умдатан дар атрофи дегу табақ ва ошхонаву кӯдак ҷараён мегирад.
Дар масъалаи ҷалби занҳо ба сиёсат, ҳизбҳои сиёсӣ, ки умдатан “коргоҳи кадрсозӣ” шинохта мешавад, аз ҳукумат бадтаранду беҳтар не. Занҳо дар ҳизбҳо на раисанд, на муовин. Агар Шумо аз 10 раҳгузар бипурсед, ки исми чанд сиёсатмадори шинохтаро номбар кунанд, онҳо низ ҳатман аз занҳо сарфи назар хоҳанд кард.