Оқои Ҳусайнӣ, ки ахиран аз сафари кишварҳои арабӣ пас гаштааст, мегӯяд, ҳеҷ тарафе дар қазияи Сурия дар тарафи ҳаққи комил қарор надорад. Ин вакили парлумони Тоҷикистон афзуд, ба бардоште, ки ӯ ҳосил кардааст, бо аз миён бурдани як ҷониб, масъала ҳал намешавад. На тақозои мухолифон ва Ғарб воқеъист, ки Асад аз миён биравад ва на тақозои Асад, ки мехоҳад мухолифонро саркӯб ва нест кунад. Зеро дар пушти ҳар ду тараф, ҷомеаи Сурия ду тақсим шудааст.
Аммо бархе коршиносони дигар ба ин боваранд, ки Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти робитаҳои осебпазире, ки бо Русия дорад ва дар шароите, ки Русия қатъномаи алайҳи Башор Асадро вето кардааст, роҳе ба ҷуз аз қарор гирифтан дар мадори Маскав дар қиболи қазияи Сурияро надорад. Аз сӯи дигар ҳам Чин- муҳимтарин сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон аст, ки ин қатъномаро вето кардааст.
Аз ин ҳам муҳимтар Тоҷикистон низ як кишвари худкома аст ва эҳтимолан имкон дорад раҳбарияти он дар садади озмудани таҷрибаи беш аз чиҳилсолаи Сурия дар интиқолу муомилаи қудрат бошад. Сурия аз соли 1970 то соли 1996 тавассути генерал Ҳофиз Асад идора мешуд ва аз соли 1996 ба ин сӯ Башор Асад, писари ӯ ба Сурия ҳукумат мекунад.
Амнияти Абдуназар
Амнияти Абдулназар, муовини раиси ҲСДТ мегӯяд, ки агар мақомоти Тоҷикистон аз нерӯҳои мухолифи режими диктатураи Асад бо даъвати кишварҳои ғарбӣ ҳимоят кунанд, мисли он аст, ки гӯё мухолифи худ қиём кардаанд: «Сабаби хомӯшии Тоҷикистон дар он аст, ки аз он кишвар ҳеҷ фарқияте надорад. Ин ҳам мисли Сурия як кишвари худкома аст. Ин кишварҳо ба хотири ҳукумати тӯлонии хеш қонунҳоро зери по мекунанд. Сурия ҳам кишварест, ки ҳукумат аз як нафар ба ворис, яъне аз падар ба писар гузаштааст. Ин дар кишварҳои исломӣ, махсусан шӯравии собиқ расм шудааст. Сабаби хомӯшӣ ҳамин аст.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нигоҳи коршиносони тоҷик ба рӯйдодҳои Сурия
Аммо ин ҳама дар ҳолест, ки намояндагони гурӯҳи ҳоким мегӯянд, Тоҷикистон дар ин қазия бар асоси муқаррароти байналмилалӣ амал хоҳад кард. Агарчанд Сӯҳроб Шарифов, вакили МН аз ҲХДТ мегӯяд, мавзеъи Чин ва Русия дар ин қазия дуруст ва қобили дастгирист. Ва Тоҷикистон дар ин масъала танҳо ба таъйиноти СММ ва ниҳодҳои марбути он амал хоҳад кард.
Оқои Шарифов мегӯяд: «Мавқеъ бояд таносуб дошта
Сӯҳроб Шарифов
бошад. Ин бӯҳрони сиёсати дохилии Сурия мебошад ва Сурия бояд роҳҳои ҳалли он ва сулҳу суботро дарёфт кунад.»
Оқои Шарифов мегӯяд, Тоҷикистон дар мухолифатҳои дохилии кишвари дигар дар ҷониби яке аз тарафҳо қарор нахоҳад гирифт. Зеро ин боис ба доман задани ҷанги дохилӣ мешавад.
Аммо дур нест фурсате, ки маълум шавад, вазни тарозу ба кадом тараф бор хоҳад гирифт. Он гоҳ мавзеъи Тоҷикистон ҳам бештар маълум хоҳад шуд. Ҳоло мусаллам ин маълум аст, ки Башор Асадро маҳкум намекунад.