Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев (Акс аз бойгонӣ)
Думаи давлатии Русия созишномаи ҳамкории Русия ва Тоҷикистонро дар масъалаҳои марзӣ ба тасвиб расонд.
Ин санад 2-юми сентябри соли 2011 дар Душанбе аз тарафи президентҳои ду кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба имзо расида, барои ҳузури Гурӯҳи ҳамкории марзбонии Русия дар Тоҷикистон дар 5 соли оянда заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Бино бар он, зиёда аз 200 мушовири ҳарбии Русия бо марзбонони тоҷик ҳамкорӣ мекунанд. Русия талош дошт, зимни ин гуфтушунидҳо марзбонони худро ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бозгардонад.
Дар ин созишнома инчунин ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароии динӣ, муҳоҷират, ҷиноятҳои фаромиллӣ, қочоқи аслиҳа, маводи радиоактивӣ ва маводи мухаддир дар назар гирифта шудааст.
Владимир Проничев, муовини аввали сардори нерӯҳои марзбонии Русия гуфт, "созишномаи мазкур идомаи ҳузури нерӯҳои марзбони рус дар Тоҷикистонро ҳифз мекунад." Муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури кишварҳои СНГ Дмитрий Саблин ба тасвиб расидани ин санадро муҳим шуморида таъкид намуд, ки "дар ҳақиқат, ин созишнома ба манфиати амниятии Русия мувофиқат мекунад." Вай гуфт, Русия дар сафи нерӯҳои марзбонии худ ислоҳоти ҷиддӣ анҷом додааст ва Тоҷикистон ҳам бояд шакли муосири ҳимояи марзиро бипазирад.
Мувофиқи созишномаи ҷадиди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия вазифаҳои аслии ҳарду кишвар дар амри назорати марз мушаххас карда шудааст. Аз ҷумла, омода ва тарбия кардани марзбонҳо, таъмини ҷангафзорҳо ва фанновариҳои муосир дар хатти марз, наҳваи мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ, ҳамчунин иттилоъгузорӣ дар мавриди амнияти марзие, ки ба манфиати ҳарду кишвар созгор бошад.