Неъмат Искандаров мегӯяд, "ин ҷо муҳим на назари ман аст, на аз Юлия Беляева. Муҳим назари духтарҳост, ки дар куҷо мехоҳанд зиндагӣ кунанд. Ҳоло духтарҳо дар куҷое, ки бузург шудаанд, дар ҳамон ҷо мехоҳанд зиндагӣ кунанд." Ин тоҷики муқими Русия гуфт, қарор буд, ин ду хонавода дар наздикии ҳам хона бунёд кунанд, то рафтуомад осонтар шавад. Юлия пешниҳод кардааст, ки Неъмат хонаи заминиашро бо хонаи бисёрошёна дар назди манзили Беляева иваз кунад, вале ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ хонаи заминиашро бо манзили бисёрқабатта иваз карданӣ нест.
Додгоҳи шаҳри Копейск рӯзи 15-уми феврал шикояти Беляеваро қабул карда, вале қарор намудааст, ки нахустин рӯзи мурофиаро 15-уми март баргузор хоҳад кард.
17 декабри соли 1998 дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Копейски вилояти Челябински Русия завҷаи Неъмат Искандаров ва Юлия Беляева духтар ба дунё меоранд. Вале бо амри тақдир навзодҳо иваз мешаванд. Волидон тасодуфан баъди 12 сол аз иштибоҳи табибон огоҳ шудаанд. Юлия Беляева, ки аз шавҳараш талоқ гирифта буд, барои дарёфти алиментпулӣ ба додгоҳ муроҷиат мекунад. Шавҳари ӯ дар навбати худ аз Юлия хостааст, то ташхиси ДНК анҷом бидиҳанд, ки падарии ӯ исбот гардад. Додгоҳ мегӯяд, бино бар натиҷаи ташхис ҳам Юлия ва ҳам шавҳари ӯ волидони аслии Ирина набудаанд.
Юлия Беляева ва шавҳари ӯ бо кӯмаки пулис тавонистаанд, ки духтари аслии худро пайдо кунанд. Духтари аслии Юлия, тӯли ин муддат дар хонаводаи тоҷикон Искандаровҳо тарбия меёфт. Ҳамчунон ташхиси ДНК муайян карда буд, ки Юлия ва шавҳараш духтари аслии Искандаровҳоро ба воя мерасониданд.