Акбаралӣ Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО зимни таъйиди ин хабар гуфт, «ин пешниҳоди журналисти варзида - Раҷаби Мирзо аст ва мо низ аз он истиқбол кардем. Умедворем ин тадбир тӯҳфае хубе дар рӯзи матбуоти миллии тоҷик шавад.»
Ба ин тартиб, дастандаркорони ин иқдом мегӯянд, ҳамакнун мехоҳанд то ин шумора ҷашнӣ бошад ва ба меҳмонон дар таърихи 11-уми март ҳамчун тӯҳфа дода шавад. Вале Акбаралӣ Саттор гуфт, шояд дар оянда, моҳе як бор чопи ин нашрия ба роҳ монда шавад.
Он гуна, ки ҷаноби Саттор гуфт, талош хоҳад шуд, ин шумора дар шакли асл бо ҳуруфоти форсӣ (арабиасос) ва бо матлабҳои чопшудаи нахустин шумораи «Бухорои шариф» мунташир шавад. Аммо матолибе ҳам бо ҳуруфи кириллӣ ва аз муаллифони имрӯзӣ низ дар ин шумора ҷой хоҳанд гирифт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гуфтугӯ бо Акбаралӣ Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон
Дастандаркорон мегӯянд, реклом ва огаҳиҳо, ки як бахше аз рӯзномаи «Бухорои шариф» буд, дар шумораи ҷашнии он ҳам дида хоҳад шуд.
Ҳимояти молии шумораи ҷашнии «Бухорои шариф»-ро ширкати расонаии «Чархи гардун», ки молики он Акбаралӣ Саттор аст, бар ӯҳда гирифтааст.