Чунин руҷӯи хосси раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибатҳои байни Русия ва Тоҷикистон дар даврае ба вуқӯъ мепайвандад, ки қарор аст, дар ҳафтаи аввали моҳи май Владимир Путин аз нав ба курсии раёсатҷумҳурии Русия биншинад. Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ба ин васила Эмомалӣ Раҳмон паём дод, ки то ҷое аз муносибати Маскав барои он ки талошҳои Тоҷикистонро барои майл ҷониби Русия дар усули шарикии роҳбурдӣ нодида мегирад, ранҷидааст. Ба ин тартиб, раисиҷумҳури Тоҷикистон мехоҳад бигӯяд, ки нигаронии Маскав дар бораи он кишвараш вориди бозӣ бо кишварҳои дигар шуда ва мехоҳад Русияро дур андозад, асос надорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зафар Абдуллоев: "Ин як паёми озурдагӣ аст"
Ба ақидаи Абдуллоев, агар ба "адабиёт"-и суханони ҷаноби Раҳмон таваҷҷӯҳ шавад, ин паём танҳо ба Русия нест, балки ба се кишварест, ки баён карда буданд, аз Тоҷикистон ҳимоят мекунанд, аз ҷумла ба Эрон ва Чин ҳаст ва раиси ҷумҳур мехоҳад ба инҳо итминон бидиҳад, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Амрико бештар аз ҳадди маҷоз нахоҳад пеш рафт. Дар маҷмӯъ мегуяд, Абудуллоев, ин як паёми хориҷии дуруст аст.
"Нишони дилсардӣ..."
Амният Абдулназаров
Вале Амният Абдулназаров, муовини раиси Ҳизби умумиҷумҳурии сотсиал-демократи Тоҷикистон изҳори назари Эмомалӣ Раҳмонро на "як паёми ҳадафмандона", балки "гилагузорӣ ва нишони дилсардӣ" меномад. Вай мегӯяд, "Тоҷикистон феълан сад дар сад аз Русия вобаста мебошад ва иллати ин вобастагӣ ҳам кӯмакест, ки Русия барои ба қудрат расонидани ҳукуматӣ кунунӣ карда буд. Ба ин далел Маскав ҳамчун шарики баробар ҳукумати кунуниро эътироф намекунад. Балки дастнишондаи худ медонад. Ба ин далел аст, ки бархе мақомоти давлатии Русия, аз ҷумла Владимир Жириновский Тоҷикистонро як кишвари дар сохтани давлати мустақил ноком унвон карда буд. Ҳамаи лаҷомҳои сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар дасти Русия аст ва он давлати мустақил ва комил нест."
Ба гуфтаи ҷаноби Абдулназаров, Русия ҳар шарте, ки дорад, онро ба сурати баста ба Тоҷикистон пешниҳод мекунад, қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ва агар Эмомалӣ Раҳмон бихоҳад, ки раисиҷумҳур бошад, онро қабул мекунад ва гар бихоҳад, ки не, қабул намекунад. Он гоҳ метавонад шарту шароити худро пеш гузорад ва мисли Боқиев ва Акаев аз сари қудрат равад.