Аз соли 2000-ум дастаи шашмақомсароёни Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мақоми давлатӣ касб кард. Дар як сӯҳбате аз овозхони шинохтаи тоҷик Фурқати Сайид, ки инак, панҷ сол боз роҳбарии ин дастаи ҳунариро бар ӯҳда дорад, пурсидем, дар ҳоли ҳозир нақш ва мақоми "Шашмақом" чӣ гуна аст ва оё шунавандаҳои он кам шудаанд, ҷавонон ба он майлу рағбат нишон медиҳанд?
Фурқати Саид
Фурқати Саид: "Аз соли 2000-ум таҳти рақами 204 фармони раисиҷумҳур дар бораи ба ансамбли "Шашмақом"-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов додани мақоми давлатӣ ва дар ноҳияҳову вилоятҳои кишвар ташкил намудани дастаҳои ҳунарии шашмақомсароён содир шуд. Фикр мекунам, ин фармон таърихӣ ва саривақтӣ буд. Зеро пеш аз ин ва ҳатто дар даврони Шӯравӣ низ ба ин мусиқии классикӣ таваҷҷӯҳ камтар зоҳир мешуд. Дар муассиса ва мактабҳои ҳунарӣ низ мусиқии аврупоӣ бештар омӯзонида мешуд. Мутахассисон, устодони мақомшиносу мақомдон ҳам наметавонистанд ин ҳунари афсонавиро ба шогирдон таълим бидиҳанд. Чун дар барномаи таълимӣ барои мусиқии суннатӣ соати камтар ихтисос дода шуда буд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, баъди ба тасвиб расидани ин амр дасти ҳунармандону донишмандони соҳа боз гардид. Дар ин даҳ соли гузашта корҳои шоистаеро барои ҳифзу густариш ва таблиғи ин "Шоҳнома"-и мусиқии халқи тоҷик ба анҷом расонида тавонистанд. Китоб ва дастуроти зиёд мунташир шуд, ки дар макотиби ҳунарӣ, аз ҷумла Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи ҳунарҳои зебо мавриди истифодаи донишҷӯён қарор гирифтааст. Чандин оҳангу матнҳои ин ҳунари миллӣ дубора эҳё шуданд ва ҳоло талоши мо бар ин аст, ки он боз ҳам рангу бӯи тоза ва ҷилои тобоне дошта бошад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Шашмақом" ҳанӯз аз мӯд намондааст...
Радиои Озодӣ: Вале гуфта мешавад, шунавандаи "Шашмақом" кам мешавад ва гӯиё он дигар "аз мӯд" баромадааст...
Фурқати Саид: "Мусиқӣ ва бахусус мусиқии орифона, ирфонӣ ба завқу табъи шунаванда вобастагии зиёд дорад. Мо шунавандаро наметавонем аз рӯи синну солаш ҷудо бикунем, ки ин гурӯҳ мехоҳад мусиқии суннатӣ бишнавад ва он гурӯҳ мусиқии барои мисол имрӯза. Аз тарафи дигар ҷалби таваҷҷӯҳи шунаванда ба худи овозхон ҳам вобаста аст. Баъдан ба хотири шунаванда шуда мо наметавонем сатҳу мақоми ин ҳунари асилро пойин бубарем. Мо амалан кори устодону хунёгарони пешинаро идома медиҳем. "Шашмақом" ҳамеша шунаванда ва мухлиси худро дошт ва имрӯз ҳам дорад. Шумора муҳим нест. Муҳим он аст, ки онро киҳо ва чи тавр гӯш карда ва чӣ лаззати рӯҳӣ бармедоранд. Аммо ҳар як тоҷик метавонад ва бояд ифтихор дошта бошад, ки "Шашмақом" зода ва парвардаи фарҳанги беш аз ҳазорсолаи тоҷикон аст ва аввалин шуда онро тоҷикон эҷод кардаанд. Ниёкони тоҷикон барои ҳифзу густариши он ва то ба имрӯз ба дасти мо расидан сахт заҳматҳо кашидаанд, аз сина ба сина ва аз қалб ба қалб онро дастраси мо кардаанд."