Президент дар сафари панҷрӯзаи худ ба Чин мехоҳад, таваҷҷӯҳи Пекинро ба тарҳҳои нави иқтисодии Тоҷикистон ҷалб кунад.
Дар ин сафар, ки аз 1 то 5-уми июн идома мекунад, Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гул, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Гурӯҳе аз соҳибкорони тоҷик низ ба ҳайат шомил шудаанд.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Чин як боздиди расмӣ бо даъвати Пекин аст ва дар канори нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ҷараён мегирад. Қарор аст, раҳбари Тоҷикистон бо ҳамтои чинии худ Ҳу Ҷинтао мулоқоти як ба як дошта, бо бархе аз мақомоти дигари Чин вомехӯрад ва дар форуми соҳибкорони ду кишвар ширкат варзида, дар як сафари кӯтоҳ аз чанд корхонаи саноатии ин кишвар дидан мекунад.
Баъзе аз манобеи огоҳ мегӯянд, Тоҷикистон танҳо ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Чин маҳдуд нашуда, дар ин сафар имкон дорад президент масъалаи фаъолтар кардани ҳамкориҳои дутарафа дар бахши амният ва низомиро низ дар миён гузорад. Дар аввалҳои моҳи май вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар ҷараёни сафараш ба Чин изҳор дошта буд, ки фурсат пеш омадааст, то ҳарду кишвар дар соҳаҳои низомӣ ва фаннӣ низ ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш диҳанд.
Вазорати дифоъ мегӯяд, Тоҷикистон дар арафаи модернсозии сохторҳои низомии кишвар мебошад ва фанновариҳои пешрафта аз Чин барои Тоҷикистон арзонтар ба даст хоҳад омад. Ин вазорат иттилоъ дод, ки дар назар аст, шурӯъ аз 8-ум то 14-уми июн як размоиши муштараки зиддитеррори кишарҳои узви СҲШ таҳти унвони "Миссияи сулҳ-2012" дар Тоҷикистон баргузор шавад.
Тоҷикистон ҳоло мехоҳад, аз ҳар лиҳоз ҳамкориҳои худро бо Чин дар бахшҳои мухталиф густариш диҳад. Биноан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, борҳо дар паёмҳои худ Чинро ба унвони кишвари ҳамшарики стратегӣ дар канори Русия ва кишварҳои дигар зикр кардааст. Дар ҳоли ҳозир 50 ширкати чинӣ дар тарҳҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нақби "Шаҳристон", бозсозии нақби "Шаршар", бунёди хатти баландшиддати барқи 500-мегаваттии "Ҷануб-Шимол" ва 220-мегаваттии Лолазор-Хатлон фаъолият доранд.Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин дар Тоҷикистон то поёни соли 2011 ба 1,5 миллиард доллар расида, Чин дар ин замина аз сармоягузориҳои Эрону Русия дар якҷоягӣ пеш гузашт.
Чин ҳамчунин бозори дохилии Тоҷикистонро тақрибан дар даст гирифтааст. Ҳоло маводу колои гуногун, аз сӯзан то компютер ва аз лампочка то ҷиҳози хонаву сарулибос аз Чин ворид мешавад. Бархе аз таҳлилгарон бо назардошти нуфузи рӯзафзуни Чин бо сармояи камфоизи худ ҳушдор медиҳанд, ки ин дар оянда метавонад Тоҷикистонро аз мустақилияти иқтисодӣ боздорад ва ба мутеи иқтисодии Чин табдил диҳад.