Вазорати умури дохилӣ (ВУД) бо нашри баёнияе гуфт, "афроди номаълум раҳбари Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафаровро тавассути таппончаи тамғаи "Макаров" аз қисмати рӯй, қафаси сина ва шикам захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ҷабрдида дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок мегардад."
Абдураҳмон Бузмаков
Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз ҷузъиёти бештари ин ҳодиса худдорӣ мекунанд. То кунун кадом фарзия ва тахминҳоеро ҳам, ки ангезаи ин ҳодиса шуда бошад, баён нашудааст. Абдураҳмон Бузмаков, сардори Идораи пулиси шаҳри Душанбе, дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи муштараки тафтишоти фаврӣ аз шумори кормандони ниҳодҳои амниятиву интизомии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқи ин қазия ташкил шуда ва тамоми фарзияву гумонҳоро мӯшикофона баррасӣ хоҳад кард.
Вай афзуд, роҳбарии ин гурӯҳ бар дӯши Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангини Додситонии кулли Тоҷикистон, вогузор шудааст. Аммо Ҷамшед Сангов, сардори раёсати тафтишти ҷиноятҳои сангини Додситонии кулли Тоҷикистон, аз сӯҳбат худдорӣ кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир кадом фарзияеро дар робита ба ин куштор аз ҷумла сиёсӣ, корӣ ва ё тиҷоратӣ тасдиқ карда наметавонад: "Ҳоло чизе муайян нашудааст. Танҳо ҷасадро бо захмҳои силоҳи оташфишон пайдо кардаем. Тафтишот идома дорад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Кӣ ва чаро Холмӯъмин Сафаровро паронд?
Ҷумъа
Барои дарёфти маълумоти бештар мо ба маҳалли вуқӯи ин ҳодиса рафта ва бо ҳамсояҳои нафари мақтул сӯҳбат кардем. Ҷумъа, як сокини хиёбони Сино ва аз ҳамсояҳои Холмӯъмин Сафаров гуфт, ин ҳодиса тахминан баъд аз адои намози хуфтан, ки Сафаров дар масҷиди маҳалла мегузорид, дар соатҳои то нӯҳуними шом рух додааст. Ӯ афзуд, “омадам, дар аввал рости гап нашинохтам. Чароғи дастиро рӯшан карда, як ҳамсояи дигарамон омад ва дар рӯшноии чароғ шинохту гуфт, ки охир ин одам ҳамсояи худамон. Дигар даводав кардему аъзои хонаводаашро бохабар намудем.”
Ин ҳамсояи Сафаров ӯро як нафари хоксору фурӯтан ва фарзандонашро низ орому батамкин хонда изофа кард, ки бо ҳеҷ яке аз ҳамсояҳо кадом хусумат надошт ва дар тафовут бо бақия бастагони раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мисли додарарӯсу домод ва писару бархе аз духтаронаш як шахси нонамоён ба шумор мерафт. Аз ин ҷост, ки бархе аз коршиносон мегӯянд, имкон дорад, куштори ӯ як тасодуф ва ё амали авбошӣ бошад.