Аммо Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқи Додгоҳи олии Тоҷикистон ва мудири Маркази таълими ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе, мавқеи гурӯҳи бозрасонро дар ин маврид яке аз талабҳои касбии онҳо мешуморад. Ҷаноби Абдураҳмонов гуфт, нафари масъул метавонад дар бораи вуқӯи ҳодиса маълумот диҳад, аммо ба нашри маълумот аз ҷараёни тафтишот вазифадор нест: "Гурӯҳи тафтишотӣ ҳоло ба ягон хулоса наомадааст. Инҷо чанд вариант, чанд фарзияҳоро кор бояд кард. Ҳам аз тарафи сиёсӣ ва ҳам аз тарафи кораш. Лекин гуфтан мумкин нест. Мумкин аст, ки тафтишот як моҳ нею ду-се моҳ идома пайдо кунад. Хоҳ вазир ва ё хоҳ прокурори генералӣ ҳам, ки нишасти матбуотӣ баргузор кунад дар бораи тафтишот маълумот намедиҳад."
Темур Варқӣ
Бо вуҷуди ин, сукути гурӯҳи тафтишотӣ дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ахиран мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ифшои фаврии чандин ҷинояти сангин муваффақ будаанд ва аз сӯе ҳам ба хонадони раисиҷумҳур рабт доштани қатли Холмӯъмин Сафаров интизории ҷомеаро аз онҳо ба маротиб бештар кардааст. Коршиноси тоҷик Темур Варқӣ мегӯяд, маҳз ҳамин ҳолат низ метавонад, сабаби сукути бозрасон бошад.
Ӯ гуфт, "ин як парвандаи махсус аст, чун нафари кушташуда аз аъзои хонаводаи раисиҷумҳурист. Аз ин лиҳоз тафтишотро, фикр мекунам, худи ӯ низ таҳти назорат дорад ва муфаттишон ҳам аз додани ҳар навъи маълумот худдорӣ мекунанд, метарсанд."
Куштори Холмӯъмин Сафаров, мудири сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон шаби 13-уми июн дар наздикии манзили зисти ӯ, дар маҳаллаи мавсум ба "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе, рух дода буд. Гуфта мешуд, ӯ аз захми чандин тири туфангчаи Макаров ба сару рӯй ва синааш ба ҳалокат расидааст. Маълум нашудааст, ин куштор кори дасти як нафар буд ё чанд тан дар он ширкат дошт. Ин нукта тазаккур меёбад, ки ӯ аз намози хуфтан дар масҷид одатан бо ҳамсоягонаш бармегашт. Ҳеҷ яке аз ҳамсоягон шоҳиди айниии воқеа нашудаанд.