Ҳарчанд дар ин ду рӯзи ахир тамос бо телефонҳои моҳвораӣ ва ширкатҳои мобилии Афғонистони ҳаммарз, «даричае» дар бунбасти ҳаводиси Бадахшон кушодааст. Ҳамчунин бозгашти теъдоде аз кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва шаҳрвандон аз Хоруғ хабарҳои дақиқтару воқеъбинонатарро миёни мардум паҳн мекунад. Аммо бо ҳамин ҳол низ, қатъи мухобирот вазъ дар минтақаро махуф муаррифӣ мекунад.
Ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе албатта, аксарият аз тариқи расонаҳои иттилоотӣ, махсусан аз тариқи интеренет ҷараёни ҳаводис дар Бадахшонро пайгирӣ мекунанд, аммо боз ҳам нигаронанд, ки он хабарҳо аксарият бар пояи овозаҳо сохта шудаанд ва бозгӯи воқеият нестанд: