Вай гуфт, ки сохтмони бозори нав дар маҳалли сӯхтор бо ҷойгир кардани 2000 дӯкон бунёд карда мешавад. Ба қавли Нуршед Машрабов, ҳоло комиссияи махсус сабабҳо ва ҳаҷми зарари ворида бар асари отушсӯзиро меомӯзад.
Шоми панҷуми сентябр "Корвон" - яке аз бузургтарин бозорҳои пойтахти Тоҷикистон дар коми оташ рафт, ки бар асари он садҳо дӯкон ба хокистар мубаддал шуданд ва ба тоҷирон миллионҳо сомонӣ зиён ворид шуд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи шашуми сентябр бо пахши баёнияи расмии худ гуфт, "дар натиҷаи сӯхтор бозори савдои яклухтфурӯшӣ (оптовый)-и "Корвон" дар масоҳати зиёда аз 5000 метри мураббаъ нобуд гардид."
Субҳи рӯзи 7-уми сентябр комиссияи махсуси иборат аз кормандони ВКД ва Додситонии кул ба таҳқиқи иллатҳои сӯхтор ва хисороти сӯхтор дар бозори "Корвон" оғоз карданд.
Бо ин вуҷуд, то кунун сабаби аслии сар задани сӯхтор дар бозори "Корвон" расман аз сӯи мақомот баён нашудааст. Вале иддае ҳам тахмин мезананд, ки ин сӯхтор дар пайи истифодаи балони газ сурат гирифтааст. Иддаи дигар ҳам ноқили барқро "гунаҳкор" медонанд.