Ҳоло ташвиқу пуштибонӣ аз манофеи ширкатҳои алоҳида тавассути порлумон дар Тоҷикистон ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил шудааст. Дар бисёр ҳолат, ҳукумат қарори худро дар бораи имтиёзи молиётӣ барои ширкатҳои алоҳида бо он асоснок мекунад, ки ин ширкатҳо бо корҳои муҳим машғуланд ва ё маҳсулоти ҳаётан муҳим истеҳсол мекунанд.
Аммо иқтисоддонҳои Тоҷикистон комилан мухолифи ин нуқтаи назаранд. Онҳо мегӯянд, ин чизе бештар аз судҷӯӣ ва тарғиби манфиати бизнесҳо ва ширкатҳои алоҳида нест. Ин тамоюл, ба бовари онҳо, талаби аслии иқтисоди бозаргонӣ, яъне рақобати солими бизнесҳоро, зери суол мебарад.
Ҳоло ширкати IRS, ки роҳи Душанбе-Чаноқро пулакӣ кардаасту соҳиби аслияш маълум нест; ширкати “Тоҷирон”, ки дар Ҳисор корхонаи металлургӣ бунёд мекунад; корхонаи сементи Ёвон ва аз ҳама имтиёзбарандаи қадимии кишвар - “Талко” аз имтиёзи молӣ бархӯрдоранд. Ахиран порлумони Тоҷикистон ширкати "Осиё Экспресс"-ро, ки автобусҳои нави олмонӣ ворид мекунад, аз андози воридотӣ ва боҷи гумрукӣ озод кард.