Дар ин навор, ки ахиран бархе аз волидони маҳбусон дар ихтиёри сомонаи Радиои Озодӣ гузошта буданд, маҳбусҳо Маҳмадтолиб Зоҳиров, Аслиддин Маҳмадов, Наҷмиддин Муҳиддинов ва дар маҷмуъ 9 маҳбуси зиндони шаҳри Хуҷанд, дар суҳбат бо як нафари ношинос дар маҳбас осори латту кӯб дар бадани худро нишон медиҳанд ва аз бадрафториҳои кормандони маҳбас қисса мекунанд.
Бархе аз волидон мегӯянд паз аз пахши ин навори видеоӣ, фишор болои маҳбусон афзоиш ёфтааст ва ин яке аз далелҳои асосии додхоҳии онҳо аз Додситонии кул мебошад.
Ҳанӯз баъд аз чанд рӯзи кӯчондани маҳбусон аз ду боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ба маҳбаси Хуҷанд, дар рӯзи 7-уми ноябри соли равон падару модарон бо шикоят аз латукӯб шудани фарзандонашон дар назди Додситонии кулли Тоҷикистон ҷамъ омада буданд. Аммо он вақт мақомоти расмӣ онҳоро итминон доданд, ки боздоштшудаҳо дар шароити хуб ба сар мебаранд. Муовини сардори Раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон Илҳомҷон Маҳмудов гуфта буд: «Ин маҳбусон аллакай хушрӯ ҷо ба ҷо шудаанд, бо хӯрду хӯрок сари вақт таъмин мешаванд, ягон камбудӣ надоранд. Миёни муассисаҳои шаҳри Душанбе ва Хуҷанд ягон фарқият нест, ҳар ду муассисаҳои ислоҳотиянд. Гапҳо дар бораи шиканҷа шудан дурӯғи маҳз аст ва ягон асос надорад».