Ожонсии зиддифасоди Хатлон гуруҳи созмонёфтаи иборат аз се корманди Вазорати корҳои дохилиро, ки бо роҳи фишор аз се муҳоҷири тоҷик 350 ҳазор евро гирифтаанд, фош кардааст.
Алайҳи капитан Шодибек Султонов бо иттиҳоми сӯйистифода аз мақоми хидматӣ парванда кушода шуда, ду корманди дигари Вазорати корҳои дохилӣ ва як шаҳрванди мулкӣ, ки ҳамдасти ин гуруҳ будааст, аз ҷойи кори худ ва тафтишот фирор карда, ҳоло мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.
Ҷаноби Сангов мегӯяд: «Капитани боздоштшуда ҳамроҳи ду корманди дигар аз шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Сино ва Бохтар (яке корманди шуъбачаи мубориза бо маводи мухаддири ШВКД Сино-2 ва дигарӣ корманди ППС-и Бохтар) моҳи ноябри соли 2012 се муҳоҷири тоҷикро, ки нав ба Ватан баргашта буданд, ба идораи милитсия оварда, бо роҳи фишору иттиҳомоти сохта, бо роҳи зӯрӣ ва сӯйистифодаи мансаб, аз онҳо 350 ҳазор евро гирифта, баҳона кардаанд, ки гӯё «дело»-ашонро мехобонанд.»
Ба иттилои мақомот, маблағи 350 ҳазор евро дар дасти ду корманди фирории ВКД ва як шаҳрванди қатории узви ин гуруҳ қарор дорад, ки то ҳол боздошт нашудаанд.
Ҷамшед Сангов
Ҷаноби Сангов афзуд:«Се ҳамдасти Ш. Султонов ба гумони ғолиб ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон панаҳ мебаранд. Зеро маълум аст, ки онҳо ягон дидбонгоҳи гумрукиро убур накардаанд. Агар маълум шавад, ки онҳо дар хориҷи кишвар ҳастанд, пас аз боздошт масъалаи ҷавобгарии онҳо барои убури ғайриқонунии сарҳад низ ба миён гузошта мешавад.»
Оҷонсии зиддифасоди Хатлон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки агар аз дасти ин гуруҳи созмонёфтаи кормандони милитсия ҷабр дида бошанд ё дар мавриди ҷиноятҳои дигари онҳо хабар дошта бошанд, ба ин ниҳод муроҷиат намоянд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ходимони баландпояи пулис аз мақом суиистифода карданд