Баҳси асосии Тошканд бо Душанбе, бидуни шакк, рӯи тарҳи Роғун аст. Дар Тоҷикистон сохтани ин нирӯгоҳро масъалаи “ё ҳаёт, ё мамот” ва танҳо роҳи халосии кишвар аз вартаи бебарқие медонанд, ки ҳар зимистон то 6 моҳ манотиқи рустоиву музофотиашро саропо дар банди сардиву торикӣ меандозад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соли 2010, дар пайи чандин соли талошҳои бебарори пайдо кардани сармоягузори хориҷӣ, мустақилона ба оғози ин сохтмон шурӯъ кард ва тавонист дар зарфи ҳамагӣ 3 моҳ тавассути як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғун, аз мардум ва корхонаҳову ширкатҳо 186 миллион доллар ҳам ҷамъ биорад.
Вале ин маърака ба вокуниши тунди бахусус Узбакистон дучор шуд, ки мегӯяд, кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ, яъне Тоҷикистону Қирғизистон ҳангоми сохтани нирӯгоҳҳову обанборҳо бояд ҳатман манфиати кишварҳои поёнобро ба назар бигиранд ва ин тарҳҳои пуриддао набояд боиси аз об маҳрум мондани заминҳои кишти кишварҳои поёноб шавад. Тошканд баҳсро байналмилалӣ кард ва Душанбе ҳам маҷбур шуд, таҳти ин фишорҳо ақиб нишаста, ташхиси фанниву иқтисодӣ ва паёмадҳои зистмуҳитии тарҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ бисупорад. Бо вуҷуди гузашти 3 сол, ин ташхис то ҳол анҷом наёфтааст ва ин ҷониби Тоҷикистон, бавижа он ҳаводорони гарми тарҳи Роғунро, ки ин сохтмонро ҳатто “ормони миллӣ”-и мардуми тоҷик ба қалам медиҳанд, кам-кам асабонӣ мекунад.
Аз дасти Милали Муттаҳид дар Роғун чӣ меояд?
Таҳлилгари тоҷик Абдуғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, ин бор ба минбари СММ кашондани баҳси Роғун натиҷаи дигаре ба ҷуз аз боз ҳам тӯл кашидани ҳалли масъала нахоҳад дошт, чунки Тошканд дар сиёсатҳояш маъмулан ба ҳарфи ҷомиаи байналмилалӣ чандон гӯш намедиҳад. Ба ақидаи оқои Муҳаммадазимов, ҳатто дар сурати ҳимояти СММ аз тарҳи Роғун, ҷониби Узбакистон боз баҳонаи дигаре пеш хоҳад овард, ки ба мухолифаташ ба ин тарҳ идома диҳад: “Мо наметавонем, як дафъа ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат кунем, баъд ба СММ ва ҳеҷ аз ин кашмакаш берун наоем. Созмонҳое, чун Барномаи
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшиноси тоҷик
рушди СММ, дар ҷаҳон хеле зиёданд. Агар мо боз як миёнарав кобему тарҳи Роғунро бо ҳамааш ҳамоҳанг кунем агар, шояд асри 21 ҳам гузараду мо ҳамчунон зимистонҳоро бебарқ гузаронем.”
Коршиноси узбаки муқими Порис Камолиддин Рабимов бар ин бовар аст, ки Барномаи рушди СММ ва Ян Ҳарфст барои Тошканд он қадар нуфузе надоранд, ки мақомоти узбак дар кадом масъала, бавижа дар қиболи тарҳи Роғун, назари онҳоро ба инобат бигирад. Оқои Рабимов гуфт, қудратҳое пурнуфузтаре, чун Амрикову Русия ва ИА низ ба хотири расидан ба манфиатҳои геополитикии худ барои ҳалли ин баҳс талош карданд, вале талоши онҳо ҳам ба ҷое нарасид ва аробаи Роғун то ҳол дар ҳамон ҷоест, ки 20 сол пеш буд.
“Сиёсатмадорони аршади Ғарб ва Русия мефаҳманд, ки ин дар асл як масъалаи хеле ва хеле сиёсишудаест, ки дар ниҳояти амр бармегардад ба муносиботи хусусии руасои ин ду ҷумҳурӣ. Байни Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои хоси моломоли озурдагӣ шакл гирифтааст ва ҳар кадом, бахусус Каримов мехоҳад, ки Раҳмон ва ба ин тартиб, Тоҷикистон ва мардумашро дар инзивоъ қарор дода, ҷазо диҳад. Дар асл, Каримов, ки аз Самарқанд аст ва худаш ҳам эътироф мекунад, ки дар рагҳояш ҳам хуни тоҷикӣ дораду ҳам узбакӣ, дар як вазъи мураккабе қарор гирифтааст ва бояд хеле бештар аз ҳар як узбаки асил садоқаташ ба манфиатҳои Узбакистонро ба намоиш гузорад. Аз ин рӯ, то даме ки муносибатҳо байни ин ду раҳбар хуб нашавад, фикр накунам, ки тавсияҳо ё талошҳои СММ комёб шаванд,” – афзуд Камолиддин Рабимов.
Тамоми дидаҳо ба сӯи Бонки ҷаҳонӣ
Сохтмони нирӯгоҳи Роғун дар 115-километрии шарқи Душанбе ҳанӯз дар солҳои 70 оғоз ёфта, бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ нотамом монд. Баландии сарбанди нирӯгоҳ, тибқи нақша, 335 метр ва иқтидори тавлидотиаш 13 миллиард киловатт-соат дар сол баровард мешавад. Яъне 4 маротиба бештар аз 3 миллиард киловатт-соат нирӯи барқе, ки Тоҷикистон ҳоло ҳар фасли сармо камбуд дорад. Аммо барои бунёди Роғун беш аз 2 миллиард доллар сармоя лозим аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар даст надорад ва ба гуфтаи маҳофил, маҳз ба ҳамин далел, чунин рӯи ниёз ба ҷомиаи байналмилалӣ овардааст.