Сокинони Вардуҷ мегӯянд, онҳо то соли 2004 бо Толибон ва «Ал-қоида» мухолифат ва аз ҳукумати кунунии Афғонистон ҳимоят мекарданд ва гурӯҳҳои ҷиҳодии онҳо ба Ҷамъияти исломии Афғонистон таҳти сарварии Бурҳонуддин Раббонӣ мансуб буданд. Аммо баъдан миёни онҳо ва ҳукумати Кобул ихтилоф афтод. Ва ҳатто соли 2005 онҳо Вардуҷро аз Баҳорак ҷудо карда вулусволии мустақил шуданд.
Хушқадам Раҳмонӣ, яке аз сокинони Вардуҷ ба «Озодӣ» гуфт, сабаби мухолифати сокинон бо ҳукумати Афғонистон, куштори мармузи лидери дара - Саид Наҷмуддини Висоқ, фармондеҳи Ҷамъияти исломӣ буд: «Ин шахс пас аз Аҳмадшоҳи Масъуд дуввумин нафари муътабар дар шимоли Афғонистон маҳсуб мешуд, аз Чокарони Вардуҷ буд. Вақте ӯ кушта шуд ва қотилаш ҳам маълум буд, мардум талаб карданд, ки қотилро бисупоранд. Ин корро ҳукумат накард.»
Ба қавли ӯ, бо истифода аз ин вазъ Толибон бо гурӯҳҳои ҷиҳодии Вардуҷ вориди музокира шуда, ба онҳо имтиёз доданд ва онҳоро ҳамкори худ карданд.
Аммо чаро дараи Вардуҷ барои Толибон муҳим аст? Мақомоти афғон мегӯянд, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳукумати қаблии Толибон барои тасаллут бар ин дара зиёд мекӯшиданд, зеро Вардуҷ минтақаи калидии Бадахшон аст ва роҳҳо ба Осиёи Марказиву Покистонро ба ҳам васл мекунад.
Муҳаммад Воҳидхон, ки то соли гузашта фармондеҳии қитъаи марзии ин минтақаро ба зимма дошт, мегӯяд, Толибон ба ин хулоса расидаанд, ки барои тасаллут пайдо кардан ба Бадахшон, ки дафъаи гузашта даст надода буд, Вардуҷ аҳамияти калидӣ дорад: «Агар Толибон тавонанд Вардуҷро пурра таҳти назорат гиранд, дасти онҳо ба сӯи манотиқи марзии Ишкошим, Вахон, Шуғнон, Дарвозҳо ва Зебок дароз мешавад. Ҳадафи дигари инҳо Тоҷикистон, бахусус қисмати Бадахшони он аст. Он замон онҳо метавонанд ба Тоҷикистон бидуни мушкил дастрасӣ дошта бошанд. Фикр накунам, ки ҳамла меоранд, аммо ҳатман мухолифони ҳамақидаи худ дар ин кишварро сармоягузорӣ ва тарбия мекунанд.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар дараи Вардуҷи Афғонистон чӣ мегузарад?
Ин манбаъ мегӯяд, дар дараи Вардуҷ ҷангиёни Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои шимол кам ба назар мерасанд, онҳо ба теъдоди то 10 нафар пайдо мешаванд ва дар амалиёти ахир ҳам се размандаи Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт шудаанд. Вай афзуд, размандаҳои хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикону узбакҳо, чеченҳову дигар миллиятҳо дар минтақаи Зебоки ҳаммарз бо Афғонистон қарор доранд.