Эмомалӣ Раҳмон ва Алмосбек Отамбоев дар мулоқоташон дар шаҳри Бишкек мувофиқа кардаанд, ки рӯзи сешанбе дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, масъалаи бунёди роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистонро матраҳ кунанд. Алмосбек Отамбоев, гуфт, ки ин роҳи оҳан сипас ба Афғонистон ва то ба Халиҷи Форс хоҳад рафт ва барои ҳамаи кишварҳои узви созмон зарур аст.
Пазироӣ аз Э.Раҳмон дар пойтахти Қирғизистон
Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунин ба масоили тақсими об дар Осиёи Марказӣ ва бунёди нерӯгоҳҳои баҳсбарангези барқи обӣ дар минтақа низ таваҷҷӯҳ карда ва аз ҷумла аз Узбакистон хостанд, ба ҷойи мухолифат дар амалӣ кардани ин тарҳҳо саҳм бигирад. Ба гуфтаи хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Алмосбек Отамбоев, таъкид кардаанд, ки нерӯгоҳҳои бузурги барқи обии худро хоҳанд сохт ва ваъда додаанд, ки манфиати кишварҳои дигари минтақаро ҳам ба инобат хоҳанд гирифт. Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Дар арсаи гидроэнергетика Тоҷикистону Қирғизистон мавқеъи бисёр наздик доранд. Мо захираҳои нафту газ надорем, об сарвати миллии мост ва мо онро бояд барои эҳтиёҷоти худ истифода барем. Бар асоси ойинномаи Созмони Милал мо ҳақ дорем, сарвати миллии худро барои некӯаҳволии кишвари худ истифода кунем.”
Эмомалӣ Раҳмон аз нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва ташхиси он аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ ёдрас шудааст, ки ҳоло идома дорад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳарду кишвар ба иҷрои тарҳи КАСА-1000 умед мебанданд, ки қарор аст, нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистонро аз тариқи қаламрави Афғонистон ба Покистони мӯҳтоҷи нерӯи барқ бирасонад. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ҳангоми иҷрои ин тарҳҳо Тоҷикистону Қирғизистон дасти ҳамдигарро мегиранд ва қавл медиҳанд, ки ба кишварҳои поёноб ноҳаққӣ нашавад, вале аз сарвати бебаҳои худ истифода хоҳанд кард.
Алмосбек Отамбоев бо тақвияти ин фикр гуфтааст, ки “иҷрои барномаҳои энержӣ ҳаққи қонунии мост ва аз кишварҳои поёноб мехоҳем, дар он ширкат кунанд. Қазоқистон майли ширкат дар ин тарҳҳоро нишон додааст ва мо Узбакистонро ҳам ба ин тарҳ даъват мекунем.”