Даврони Раҳматзод ҳам бо онки беш аз сад оҳанг барои машҳуртарин сарояндаҳои тоҷику узбак, аз қабили Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Нозияи Кароматулло, Валиҷони Азиз, Манижаи Давлат, Нигина Амонқулова ва Юлдуз Усмонова эҷод кардааст, низ дар мазҳари омм маъруф нест.
Даврони Раҳматзод
Даврон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маълумоти мусиқӣ надорад ва танҳо орзуи «чизе офарам, ки муаррифигари ман бошад» ӯро ба шоу-бизнес овардааст. Даврон баъди баргаштан аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба сохтани оҳанг пардохт. Вай мегӯяд: «Ворид шудан ба шоу-бизнес осон нест, зеро туро касе намешиносад. Одам бояд бо маҳсули кораш роҳи худро ёбад. Дар оғози корам оҳангҳоямро пешниҳод мекардам, буданд сарояндаҳое, ки машҳур набуданд ва сурудҳояшонро мардум ҳам он қадар қабул надошт. Оҳанги хубро сарояндаи хуб ҳам бояд сарояд, он гоҳ натиҷа беҳтар мешавад. Пас аз он ки оҳангҳои маро Манижаву Нигина ва Нозия хонданд, мардум бештар қабул карданд. Фаҳмиданд, ки моли кӣ аст?»
Даврон мегӯяд, мутаассифона, баъди машҳур шудани ин ё он тарона мардум танҳо ба сарояндааш таваҷҷӯҳ мекунад ва ҳадди аксар муаллифи матни тарона ҳам маълуму маъруф мешавад, вале оҳангсозон ва заҳмати онҳо пушти парда мемонад. Аммо Беҳрӯз Зеваров, продюсери тоҷик сабаби паси саҳна мондани оҳангсозонро дар бидуни шартнома кор кардани эшон унвон кард: «Шартнома банданд ва дар он ҷо нависанд, ки дар клипҳо, дар баромадҳои овозхонҳо муаллифони оҳанг гуфта шаванд. Ба гумонам, баъдан ин гуна мушкилҳо ҳаллӣ худро меёбанд.»
Соҳибназарон ин амр, яъне нодида гирифтанизаҳмати оҳангсозонро дар пойин будани сифати оҳанги эҷодкардаи онҳо низ медонанд. Аз тарафи дигар, бисёре аз оҳангсозоне ки бавижа барои эстрада оҳанг менависанд, ба таври фаровон мусиқии таронаҳои маъруфшуда дар дигар кишварҳоро «медузданд» ва табъан шояд аз ифшои номи худ «шарм» ҳам кунанд.
Қудратулло Ҳикматов, раҳбари Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон мегӯяд, 35-40 сол қабл оҳанги эҷодкардаи бастакор сахт назорат мешуд. Ҳатто ҳар як нотаи оҳангро эътибор медоданд, то моли дуздӣ набошад. Ҳоло бошад бештари оҳангсозон маҳсули эҷоди бастакорони хориҷиро гирифта, чанд нотаашро иваз карда, моли худ мекунанд: «Ҷавонҳое ҳастанд, ки худро оҳангсоз мегиранд. Дар радио ё телевизион ва консертҳо мегӯяд, оҳанги фалонӣ, фалонӣ месарояд. Он шахсоне ки дар студияҳои хусусӣ эҷод мекунанду пул дода сабт карда, дар эфири радио ва телевизион мебароянд, асил набуда, нест мешаванд. Мусиқии асил мемонад.»