Аз ҷумла як сокини шаҳри Ваҳдат гуфта буд, ки вай фармудаи табибро ҷидддӣ нагирифт ва доруҳоро аз шиносаш харид. Баъдтар ҳайратзада шуд, ки табиб доруҳои ӯро қабул накард ва гуфт, бояд аз дорухонаи гуфтаи ӯ бихарад. Сабоҳат намедонист, ин масъала ин гуна муҳим аст: «Бархе табибон ҳатто медсестраашонро ҳамроҳи бемор равон мекунанд, то дорухонаи даркориро нишон диҳанд. Ман доруҳоро харида бурдам, духтур гуфт, аз ин дору укол намекунам. Доруҳоро гардонда ба дорухона додаму ҳамроҳи хоҳари шафқат рафта аз дорухонаи фармудааш доруҳоро харидам.»
Хулосаи суҳбатҳои ин бону ва беморону корафтодагони дигар нишон медод, ки табибон ва доруфурӯшҳо дар занҷираҳое бо ҳам пайванд шудаанд. Ба пурсиши Радиои Озодӣ дар ин бора фурӯшандаи дорухонаи назди Хонаи матбуот дар шаҳри Душанбе гуфт, духтур барои он дорухонаи муайянро ном мебарад, ки бо он ҳамкорӣ дорад ва аз фурӯши доруҳо "протсент мегирад. Мо ҳам бо табибон ҳамкорӣ мекунем".
Мавҷулдияти чунин занҷира ва “аҳдномаи нонавишта”-и байни пизишкон ва доруфурӯшонро Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Тоҷикистон тасдиқ карда ва сухангӯи он, Бибихонум Дарвешзода, ба мо гуфт: "Аз кадом дорухона харидани дору дар ихтиёри бемор аст. Табиб ҳақ надорад ба ӯ гӯяд, ки доруро аз фалон дорухона хар.»