Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон агар дар соли 2015 сокинони кишвар бо хориҷ ба ҳисоби 3 миллиарду 600 миллион дақиқа сӯҳбати телефонӣ (ҳам мобиливу ҳам маъмулӣ) доштанд, ин рақам дар соли 2018 то ба 660 миллион дақиқа коҳиш ёфтааст.
Беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон барои кору иқомат дар Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар қарор доранд. Хонаводаҳо дар гузашта барои тамос бо муҳоҷирон аз телефони мобилӣ истифода мекарданд ва ҳар як дақиқаи он на камтар аз 1 сомониву 20 дирам арзиш дорад.
Тайи беш аз се сол боз ин суҳбатҳо аксаран тавассути мессенҷерҳо, ба мисли Вайберу Вотсап, ИМО ваё НҶН анҷом мешавад, ки бо харҷи камтар гуфтугӯи бемаҳдудро фароҳам меорад.
Чанд пешниҳоди Кумитаи андоз
Қаблан Кумитаи андози Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ширкатҳои мобилӣ ҳар дақиқа гуфтугӯи корбарон тавассути Viber, Whatsapp, IMO ва паёмрасонҳои дигарро ҳисоб карда, аз рӯи он андоз супоранд. Вале ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷавоб доданд, ки имкони техникии ҳисоб кардани гуфтугӯи одамонро тавассути паёмрасонҳо надоранд.
Баъдан кумита хоста буд, нархи траффики интернете, ки ба хориҷа меравад (траффике, ки тавассути Маркази ягонаи коммутатсионӣ мегузарад), боло бардошта шавад, то аз ин ҳисоб андози бештар ситонанд.
Бар илова як комиссияи давлатӣ пешниҳод карда буд, қимати як мегабайти Интернет барои гуфтугӯ тариқи NGN низ тақрибан 0,65 сомонӣ (0.07 доллари амрикоӣ) муқаррар карда шавад. Мақомот ҳисоб кардаанд, ки барои як дақиқаи гуфтугӯ бо NGN панҷ мегабайт Интернет зарур аст.
Меҳр Собириён, таҳлилгари тоҷик гуфт, қабл аз ҳама аз ин кор хонаводаҳои муҳоҷирони тоҷик зарар мебинанд. "Муҳоҷирон, ки маъмулан сарвари хонадон мебошанд, аз тариқи мессенҷерҳо аз ҳоли наздиконашон огоҳ мешаванд. Ширкатҳои мобилӣ маблағи андозро ҳаргиз аз ҳисоби фоидаи худ пардохт намекунанд. Онҳо ин маблағро ба қимати истифода аз интернет зам менамоянд ва дар ниҳоят ин бор ба дӯши муштарии одӣ гузошта мешавад", - шарҳ дод ӯ.
Меҳр Собириён
Тоҷикистон борҳо барои гаронӣ ва навъҳои зиёди андоз интиқод шунидааст. Соҳибкорони тоҷик низ пайваста аз он шикоят мекунанд, ки андози Тоҷикистон миёншикан аст ва намегузорад қомати тоҷирон рост шавад.