Маросими дафни генерали баландпояи эронӣ Қосим Сулаймонӣ, ки ҳафтаи гузашта дар ҳамлаи ҳавоии амрикоиҳо дар Бағдод кушта шуд, ба таъхир афтид. Ин тасмим рӯзи 7-уми январ ва баъди он гирифта шуд, ки дар пайи ҷамъ омадани мардум дар зодгоҳаш шаҳри Кирмон 40 нафар кушта ва беш аз 200 нафар осеб диданд.
Мақомот аз ҷамъ шудани шумори зиёди мардум изҳори нигаронӣ карданд ва тасмим гирифтанд, маросими дафни генералро ба таъхир андозанд. Маълум нест, бахоксупории ӯ кай барпо мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маросими дафни генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ ба таъхир афтид
Дар наворҳои видеоӣ дида мешавад, ки ҷасадҳои зерипомондаи мардум дар канори роҳ хобанд ва онҳое, ки ҷон ба саломат бурданд, ба осебдидаҳо кумак мекунанд.
Маросими дафни Қосим Сулаймонӣ субҳи 7-уми январ аз он шуруъ шуд, ки раҳбари Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таҳдид кард, маконҳои мавриди ҳимояти Амрикоро "оташ мезанад".
Ҳусейн Саломӣ дар ҳузури ҳазорҳо нафар ҳарчанд мушаххасан нагуфт, ки кадом маконҳоро дар назар дорад, шиори "марг ба Исроил"-ро ба забон овард.
Қосим Сулаймонии 62-сола, фармондеҳи нирӯҳои қудси Сипоҳи посдорон рӯзи 3-юми январ дар Бағдод бар асари ҳамлаи амрикоиҳо кушта шуд ва ин ҳодиса танишҳо миёни Амрико ва Эронро ба авҷи худ расонд.