Ҷасади як узви зиндонии ҲНИТ-ро ба наздиконаш додаанд. Мақомот: "Таҳқиқ мекунем"

Зиндони шаҳри Ваҳдат, акс аз соли 2019

Ҷасади як узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро рӯзи 14-уми октябри имсол ба наздиконаш додаанд.

Маҳмадназар Хоҷаев соли 2015 бо гуноҳи терроризм ва ифротгароӣ ба 28 сол зиндон маҳкум шуда, дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешуд.

Пайвандонаш ба созмонҳои наздик ба мухолифин дар хориҷа иддао кардаанд, ки ӯ бар асари "латукӯб ва хунравии мағзӣ" дар маҳбас ҷон додааст. Мақомоти Идораи зиндонҳо 20-уми октябр гуфтанд, хабарро нав аз забони хабарнигори "Озодӣ" шуниданд ва дурустии онро таҳқиқ мекунанд.

Саидисҳоқ Бобоев, узви Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Полша, ба Радиои Озодӣ гуфт, пайвандони Маҳмадназар Хоҷаев дар ҷасади ӯ осори зарбу латро дидаанд.

"Шаби 13-уми октябр бар асари зарбаи сахт пушти сараш кафида, хунрезии мағзӣ шудааст. Наздиконаш аз ин бештар гап намезананд. Метарсанд. Маҳмадназар Хоҷаев узви ҲНИТ буд ва ба ҳамкорӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим (Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ) ба зиндон маҳкум шуда буд", -- афзуд ӯ.

Мақомот то ба ҳол ин хабарро расман тасдиқ ё инкор накардаанд. Ҳамзамон аз тарафи кӣ ва бо чӣ ангезае латукӯб шудани Маҳмадназар Хоҷаев дар маҳбас рӯшан нест.

Як корманди Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ҳодиса хабар надоштанд ва ҳоло аз пайи таҳқиқи он хоҳанд шуд.

Маҳмадназар Хоҷаеви 45-сола соли 2015 номзад ба вакилии Маҷлиси ноҳияи Рӯдакӣ буд, вале иддао дошт, бар асоси аризаҳои қалбакӣ аз рақобат берун карда шуд. Шикоятҳояш дар додгоҳи Рудакӣ низ бенатиҷа анҷомид.

Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро дар ҳодисаи 4-уми сентябри соли 2015, ки онро ошӯб меноманд, гунаҳкор ва то кунун даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ кардаанд.

Раҳбарони ҳизб дар хориҷа даст доштани худро дар ҳодисаҳои шаш сол пеш рад карда, онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун рондани "дуюмин ҳизби сиёсии пуртарафдор" номидаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Баъди шикоят аз шиканҷа, Ваколатдор ба назди роҳбарони зиндонии ҲНИТ рафт"Ҷонашон дар хатар аст." Номаи пайвандони панҷ роҳбари ҲНИТ ба Салиби Сурх ва СММЧаҳор узви зиндонии ҲНИТ пас аз шаш сол ҳабс бозбинии парвандаашонро хостаандВазорати адлия гуфт, Сайфуллозода "шиканҷа нашуд", "латукӯб шуд"Раиси зиндонҳо ҳамла ба Раҳматуллои Раҷабро рад кард, пайвандонаш шубҳа доранд. ВИДЕОПайвандонаш гуфтанд, Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон "захмӣ шудааст"