Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ӯ соли гузашта раиси ВМКБ таъин шуда, рӯзи 16-уми декабр ба курсии муовини раиси палатаи болоии порлумон нишаст.
Маъмулан раисони вилоятҳо узв ва муовини раиси Маҷлиси Миллӣ мешаванд.
Алишер Мирзонаботро дар ҳукумати Тоҷикистон барои ба истилоҳ “ҷорӣ кардани тартибот дар вилояти Бадахшон” тавсиф мекунанд, вале сокинон ӯро ба ноором кардани вилоят ва мусоидат ба саркӯби даҳҳо озодандеш муттаҳам медонанд.
Имсол дар вилояти Бадахшон дар натиҷаи амалиёти мақомоти интизомӣ беш аз 30 нафар кушта ва даҳҳо нафар боздошту зиндонӣ шуд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошту саркӯби фаъолон танқид карда, ин амалро хилофи қонунҳои башарӣ донистанд. Мақомот мегӯянд, аъзои, ба қавли онҳо, гурӯҳҳои ҷиноиро саркӯб карданд.