Дар заминларза дар Тоҷикистон "2200 кас зарар дидаанд"

Бар асари заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистон 2200 кас зарар дидаанд. Дар ин бора намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе рӯзи 15-уми май хабар дод.

Заминларза рӯзи 23-юми март рӯй дода, шиддаташ ба 5,6 дараҷа мерасид.

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, маркази зилзила дар наздикии деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд. Дар он ҳодиса сокинони минтақаи Рашт низ осеб диданд.

“Заминҷунбӣ ба бисёре аз хонаҳо ва зерсохторҳо хисороти зиёд расонд. Чанд чорво нобуд гашта, канали магистралӣ вайрон гардид ва дастрасиро ба оби тоза маҳдуд намуд,” – омадааст дар эъломия.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, барои ёрӣ ба осбедидагон 80 ҳазор евро (беш аз 960 ҳазор сомонӣ) ҷудо мекунад.

Дар моҳи марти имсол чанд зилзила Тоҷикистонро ларзонд. Рӯзи 21-уми март як қисми сокинон маҷбур шуданд, ки баландошёнаҳоро барои чанд соат тарк кунанд.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.