Президенти Тоҷикистон ва мудири Бонки Ҷаҳонӣ чӣ гуфтанд?

Эмомалӣ Раҳмон ва Аҷай Банга

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо мудири Бонки Ҷаҳонӣ идомаи татбиқи тарҳи CASA-1000-ро муҳим шумурдааст.

Ин тарҳ дар сурати иҷрояш интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон дар назар дорад.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Аҷай Банга рӯзи 3-юми декабр дар Дубай гузашт.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, ки “ҷонибҳо вазъи ҳамкориро дар соҳаҳои обу энергетика, кишоварзӣ, муҳити зист ва рушди деҳот, сиёсати иқтисодӣ, рушди бахшҳои тандурустӣ, маориф, шаҳрсозӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ” баррасӣ кардаанд.

“Ислоҳоти фарогир ва сохтории иқтисодиёти кишвар, алалхусус дар соҳаҳои алоқаи барқӣ, рақамикунонӣ, авиатсияи гражданӣ ва беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ бо Бонк маънидод гардид,” – гуфта шудааст дар иттилоияи расмӣ.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистонро солҳо боз барои фазои нохуби сармоягузорӣ ва инҳисори баъзе аз бахшҳои сердаромад танқид мекунанд.

Бонки Ҷаҳонӣ яке аз сармоягузорони муҳим ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ниҳоди молии байнулмилалӣ, ба иттилои расмӣ, айни ҳол 28 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 1,5 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад.