Вай аз онҳое, ки дар ин ҷангҳо ширкат доранд, хост, ба виҷдони худ гӯш кунанд ва аз хушунат даст кашанд.
"Чанд кас кушта шуд? Ҷангҳо чӣ қадар вайронӣ ва ранҷу фақр овардаанд? Умед дорам, ба виҷдони худ гӯш диҳанд," – гуфт ӯ рӯзи 31-уми декабр дар Ватикан.
Ин дар дар ҳолест, ки Исроил амалиёти худро дар Навори Ғазза сахттар кардааст ва нахуствазир Бенямин Нетаняҳу гуфт, ҷанг чанд моҳ идома хоҳад кард.
Задухӯрди нерӯҳои Исроил бо ҷангҷӯёни "Ҳамос" дар Навори Ғазза тақрибан се моҳ боз идома дорад. Гурӯҳи тундрави "Ҳамос" 1200 нафарро дар Исроил кушта, 240 касро гаравгон гирифтааст. Дар бораи кушта шудани беш аз 21 ҳазор ҳазор фаластинӣ дар Ғазза гузориш мерасад.
Аз замони ҳамлаи Русия дар моҳи феврали соли 2022 наздик ба 10 ҳазор аҳолии осоишта дар Украина кушта шудааст. Эҳтимол теъдоди воқеии ҷонбохтагон бештар бошад.
Дар ҳамлаҳои ҷавобии Украина ба хоки Русия низ даҳҳо нафар кушта ва маҷрӯҳ шудаанд.